logo

иқтисод

ШАҲРСОЗӢ. ТАРҲҲОИ НАВ РӮИ КОР МЕОЯНД

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҳангоми санҷиши давлатии ҳуҷҷатҳо  мутобиқати онҳоро ба талаботи санитарӣ, эпидемиологию экологӣ, пешгирӣ аз сӯхтор, бехатарии конструктивӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва талаботи дигари санадҳои меъёрии шаҳрсозӣ муайян карда, оид ба лоиҳаҳо хулосаи мувофиқи санҷиши давлатӣ пешниҳод менамояд. 
Ба иттилои Суҳроб Саъдуллозода, сардори раёсати мазкур, давоми  соли 2017 барои ташхис беш аз 500 лоиҳаи иншоот пешниҳод гардида,  ба 450 лоиҳа хулосаи ташхиси давлатӣ дода шудааст. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи лоиҳаи иншооти стратегии кишвар – НБО - и Роғун,  имсол бештар аз 380 маҷмӯаи лоиҳавии он баррасӣ гардида, ба онҳо хулосаи санҷиши давлатӣ пешниҳод гардид.  Мутахассисони раёсат ба харҷномаи иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад, аҳамияти хосса дода, сарфи мақсадноки маблағҳоро назорат менамоянд. Ҳангоми баррасии лоиҳаҳо ҳолатҳои зиёд шудани харҷномаҳо низ вомехӯранд, ки бо сабабҳои гуногун  фармоишгарону лоиҳакашон дар лоиҳаҳо онро ба ҳисоб намегиранд.
Мувофиқи дастурамали «Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ» ва Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа дар ҳолати мавҷуд будани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои баррасии санҷиши давлатӣ қабул карда мешавад. Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ на зиёда аз як моҳи тақвимӣ муайян гардида, ҳангоми қабули лоиҳа бо фармоишгарон бо ин муҳлат шартнома баста мешавад. Агар лоиҳаҳо дар муҳлати муайянгардидаи шартномавӣ пурра ислоҳ шаванд, ба он хулосаи мусбати санҷиши давлатӣ дода мешавад. Тибқи ин хулоса фармоишгар метавонад иҷозати оғози корҳои сохтмонро гирифта, ба бунёди иншоот оғоз бахшад. Дар сурати аз ҷониби фармоишгар ва ташкилоти лоиҳакаш ислоҳ нагардидани эродҳо ба лоиҳаи баррасишаванда хулосаи манфӣ дода хоҳад шуд, ки фармоишгар барои гирифтани хулосаи мусбӣ бо раёсати экспертизаи давлатӣ бояд қарордоди иловагӣ бандад. Тибқи муқаррароти корӣ кормандони раёсат баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро дар коргоҳ иҷро менамоянд. Дар ҳолати пайдо гардидани ягон масъалаи баҳснок кормандони раёсат барои ҳалли онҳо ба иншоот сафарбар мешаванд.
  -  Барои беҳтар гардондани сатҳи ташхис ва гузаштан ба васоити иттилоотии рақамӣ дар корхона дар баробари мавҷуд будани бойгонии асосӣ, инчунин, бойгонии электронии ҳуҷҷатҳо ва маводи аз ташхис гузарондашуда ташкил карда шудааст. Бо назардошти истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи лоиҳакашӣ ва санҷишӣ, тасмим гирифтем, ки дар соли ҷорӣ қабул ва баррасии лоиҳаҳоро бо шакли электронӣ ба роҳ монем, - гуфт С. Саъдуллозода.
Барои баррасии лоиҳаҳои дорои аҳамияти муҳим комиссияи кории санҷишгарони соҳавӣ ташкил гардида, баррасии онҳоро коршиносони соҳа анҷом медиҳанд. Дар лоиҳаи биноҳои сохташаванда таъминоти шабакаҳои муҳандисии онҳо, аз ҷумла таъмини гармӣ, барқ, обу корез ва шабакаҳои камшиддат ҳатмӣ буда, аз ҷониби мутахассисони раёсат баррасӣ ва назорат карда мешаванд.
Барои аз байн бурдани номувофиқиҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои шаҳрсозӣ ба талаботи муосир, ҳоло аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, назорати давлатии сӯхтор ва амсоли инҳо комиссияи босалоҳият ташкил гардидааст. Дуруст муайян намудани талаботи меъёрҳои мазкур дар оянда яке аз омилҳои мувофиқу писандида тарҳрезӣ шудани биноҳои баландошёна мегардад.
У. МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 218

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед