logo

иҷтимоиёт

ВАТАНДӮСТӢ АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

Фарҳанги миллӣ шиносномаи миллат аст. Аз ин лиҳоз, миллатҳо кӯшиш менамоянд, ки таърих, фарҳанг ва расму оини худро ба таври густурда таблиғ намоянд. Инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, хештаншиносиву саховатмандӣ пояи асосии фарҳанги миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, воҷиб аст, ки  ҳар фарди ҷомеа онро сармашқи фаъолияти худ созад.

Ҳамзамон, насли имрӯза бояд аз  насли пешин ба куллӣ фарқ бикунад. Чунки дар баробари пеш рафтани илму техника шароити  беҳтари зисти мардум дар ҳамаи самтҳо ба назар мерасад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ иброз доштаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъ-олияти  Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии  Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи  кору фаъолияти  насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии  пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Бояд ҷавонон ба ин боварӣ сазовор гарданд. Маъмулан, муносибати   падару модарон  низ дар тарбияи фарзанд ҷиддӣ бошад. Вале имрӯз  мо шоҳиди он мегардем, ки аз бемасъулиятии баъзе аз падару модарон ҳодисаҳои нохуш сар мезананд, ки обрӯи ҷавонон ва кишвари моро паст менамоянд.
Ҷавонону наврасонро бояд аз хурдӣ дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намуд, чунки ҳимояи Ватан ҳимояи нангу номус низ ҳаст. Беҳтарин намунаи муҳаббат дӯст доштани Ватан аст, ки қарзи ҳар инсони солимфикр ва комил мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мо барои гирифтани пеши роҳи ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонон ва наврасон оид ба   ҳар гуна падидаҳои номатлуб корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Маъмурияти муассиса аксар вақт дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо ташкил намуда, моҳияти дифои  озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатиро, ки  қарзи ҳар фарди бонангу ору ватандӯсту худогоҳ аст, тарғиб менамояд. Дар байни хонандагону волидон  оид ба терроризм, экстремизм, инчунин, тақлид накардани занҳо ва духтарон ба фарҳанги бегона ва ба бар нанамудани ҳиҷобу сатр суҳбатҳо гузаронда, маслиҳатҳои муфид дода мешаванд.
Вазифаи падару модар дар тарбияи фарзанд бағоят муҳим аст. Чунки танҳо онҳо метавонанд назорати шаборӯзии фарзандонро таъмин намоянд ва пеши роҳашонро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб бигиранд.    
Абдуҳалим УБАЙДОВ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 488

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед