logo

сиёсат

МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ОБ. ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН ПЕШОҲАНГ АСТ

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”,  2018 – 2028, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ куллан истиқбол ёфт, торафт аҳамияти бештар касб менамояд.
Дар робита ба ташаббуси Пешвои миллат олимону мутахассисони соҳаи об иброз доштанд, ки эъломи даҳсолаи нав ҷиҳати эҷоди заминаи устувори ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо бо мақсади ҳаллу фасли масоили марбут ба об роҳи ягона мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар самти рафъи мушкилоти вобаста ба об ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005 - 2015”, ки соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд,  натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудани соли 2013 қабул кард.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири ҷаҳонӣ баргузор карда шуд. Илова бар ин, доир ба масъалаҳои об Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (моҳи июни соли 2010),  ҳамкорӣ дар соҳаи об  (моҳи августи соли 2013) ва натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (моҳи июни соли 2015) – ро баргузор намуд.
Моҳи июли соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттереш  дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, 2005 - 2015 дар МУ СММ сухан ронда, таъкид намуд: “Дастовардҳои даҳсола назаррас буданд. Дар таърихи СММ даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард. Даҳсола норасоӣ ва мушкилотеро, ки боиси суст гардидани пешравиҳо дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об шудаанд, ошкор намудааст. Дар ин самт, ҳоло ҳам мушкилоти зиёд дар мудирияти захираҳои инсонӣ, ниҳодӣ ва молиявӣ ба мушоҳида мерасанд” 
Илова ба натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии кишвар дар умури идораи захираҳои обӣ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018 – 2028  масъалаҳои зеринро фаро мегирад: рушди устувор ва мудирияти захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳитизистӣ, роҳандозӣ ва пешбарии барномаю лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор.
Қатъномаи мазкур аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии “СММ - Об” ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешида шаванд. Ҳамаи чораҳои андешида доир ба ҳалли масоили об аз мавқеи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шаҳодат медиҳанд.
Раҳимҷон РАҲИМЗОДА, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 825

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед