logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. НОРАСОИИ КАДРҲО ВА ЧАНД МУШКИЛОТИ ДИГАР

Нарасидани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг ва мувофиқи талаби рӯз ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Нигаронии Пешвои миллат аз ин мушкилӣ бесабаб нест. Воқеан ҳам ҳоло норасоии кадрҳои баланд-ихтисос аз мушкили асосии соҳа арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, айни замон дар соҳа 3274 ё худ 37,6 дарсади кормандон бо маълумоти миёна фаъолият доранд. Ба ҷуз  ин, ҳоло 600 бинои муассисаҳои фарҳангию  фароғатӣ  таъмирталаб буда, 105 - тои он дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.   
Аз рӯи мушоҳидаҳо нарасидани кадрҳои баландихтисос бештар дар муассисаҳои фарҳангию маърифатии навоҳӣ ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, бештари биноҳои таъмирталабу садамавиро низ дар маҳалҳо вомехӯрем. Ин дар ҳоле ки қисми бештари наврасону ҷавонон дар деҳот иқомат доранд ва ин мушкил то ҷое метавонад садди баланд бардоштани маънавиёти онҳо гардад.
Фаъолияти китобхонаҳои маҳаллӣ низ дар ҳамин сатҳ қарор дорад. Ҳарчанд солҳои охир ба фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи  зиёд зоҳир мегардад, то ҳол на ҳамаи онҳо метавонанд хонандагонро пурра ҷалб созанд. Мутахассисон дар ин маврид  мушкили зиёдеро номбар мекунанд, ки яке аз онҳо ин мавҷуд набудани китобдорони касбӣ ва надоштани малакаи ҷалби хонандагон ба китобхонӣ  мебошад. Ҷалби хонандагони хурдсол, кӯдакон ва наврасон ба хониш ба китобдор  тавассути фанҳои махсус омӯзонда мешавад. Аммо, аз сабаби он, ки бештари китобдорон маълумоти касбӣ надоранд, чунин нозукиҳои соҳаро намедонанд. Аз ин рӯ, китобхонаҳо дар иҷрои вазифаи муҳими худ - баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, хусусан насли наврас муваффақ нестанд. Ба ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани  мутахассисони соҳаи санъат, фарҳанг ва табъу нашр барои солҳои 2018 - 2022» мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд. Пешвои миллат, ҳамчунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва  марказҳои фарҳангиро  беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳар чи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги  миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».  Иҷрои ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди соҳа метавонанд саҳми назаррас гузоранд ва боиси боло рафтани маърифати мардум низ гарданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 323

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед