logo

туризм

РУШДИ САЙЁҲӢ РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст. Барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат ҷиҳати то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарори дахлдор қабул менамояд.
Феълан, тибқи қонунгузории кишвар, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Тоҷикистон низоми раводид доранд, то 3 рӯз муайян шудааст.
Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, таҷрибаву омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки муҳлати зикршуда кофӣ нест. Аз ин рӯ, чунин иқдом пеш гирифта шуд.
Президенти мамлакат, ҳамчунин иброз доштанд, ки раванди додани раводид бе муҳайё сохтани инфрасохтори дахлдор дар сарҳади давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба шабакаи ягона пайваст ва низоми идоракунӣ такмил дода шавад. Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро муваззаф сохтанд, ки масъалаи мазкурро дар давоми ду моҳ ҳал намояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки кишвари мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ чораҳои муассир андешида, шароити мусоид ҳам фароҳам оварда истодааст. Соли гузашта Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки замина барои рушди ҳамаҷиҳатаи соҳа мебошад. Алҳол кумита барои татбиқи сиёсати давлат дар ин самт ҳаматарафа ҷаҳду талош намуда, вазифаҳои худро иҷро карда истодааст. 
Ба ғайр аз ин, оғози соли гузашта шаҳри Душанбе дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи сайёҳӣ ояндадор сазовори ҷойи аввал гардид.  Раддабандиро маҷаллаи маъруфи сайёҳии «34 Travel» бар асоси таҳқиқоти  ширкати машҳури амрикоӣ «Mastercard» анҷом дода буд.
Ҳамчунин, кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба феҳрасти «100 мавзеи беҳтарини ҷаҳон» ворид шуд. Ин эътирофи минтақа чун яке аз самтҳои беҳтарину устувор барои сайёҳии экологӣ арзёбӣ гардид.
Помир (кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг) бо ҷойҳои алоҳидаи сайёҳиаш аллакай маротибаи сеюм аст, ки ба шумори «Топ 100» - и ҷойҳои аз ҳама беҳтарин ё сабз барои ҷаҳонгардӣ ворид мегардад.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид. Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, як қатор санадҳои муҳим қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Ҳамзамон, роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 11 кишвари ҷаҳон, фаъолияти зиёда аз 100 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Берлин, Москва, Токио, Лос-Анҷелес, Париж, Тошканд, Исломобод, Варшава, Лондон, Пекин, Остона, Алм-Ато, Сеул ва дигар манотиқи олам барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид гузошта истодаанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 523

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед