logo

иҷтимоиёт

ДЕВАШТИЧ. РАВАНДИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ҳашар дар гузаштаи наздик ҳамчун амали хайру савоб дар байни мардуми тоҷик ба таври ҳамдастӣ гузаронда мешуд. Имрӯз ин анъанаи нек камтар мушоҳида шавад ҳам, вале дар чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон, бавижа ноҳияи Деваштич, мафҳуми васеътарро касб карда, ба ободии на танҳо хонаи истиқоматии хешу ҳамсоя, балки ба ободии муассисаҳои таълимиву варзишӣ низ нигаронда шудааст.
Аз ҷумла, мардуми деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат тайи солҳои охир ташаббус нишон дода, чандин иншооти иҷтимоиро тариқи ҳашар бунёд ва таъмиру таҷдид карданд. Тариқи ҳашар барои МТМУ № 42 - и ҷамоат синфхонаҳои иловагӣ ва толори варзиш сохта шуд. Минбаъд, бо маблағгузории хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳотам Қурбонов ва ҳашари аҳолӣ дар даромадгоҳи  деҳа бинои нави мактаб қомат афрохт.
Боиси ифтихору фараҳмандист, ки ба бунёдкориҳои тавассути ҳашар анҷомдодаи сокинони ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои                     миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан баҳои баланд дода, соли 2009 ҳангоми ташрифашон мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳои рақами 20 (Ҷамоати деҳоти  Муҷун) ва 46 (Ҷамоати деҳоти Ғазантарак) - ро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Сокинони деҳаи Овчӣ аз мулоқоти Сарвари давлат рӯҳбаланд гардида, соли дигар дар назди МТМУ № 19  бинои иловагӣ сохтанд.
Бо ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат ва дастгирии раиси вилояти Суғд дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун низ бо ташаббуси аҳолӣ  бинои нави беморхона сохта шуд.
Сокинони деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти мазкур ба ҷойи беморхонаи куҳнаи деҳа бо маблағгузории аҳолӣ ва соҳибкорон бинои замонавии беморхонаи ноҳиявӣ  бунёд намуда, соли гузашта онро мавриди истифода қарор доданд.
Соли гузашта, ҳамчунин, бо сарпарас-тии раиси хоҷагии деҳқонии «Кенагаз» Абдусамад Маҷидов толори варзиш дар назди мактаби № 26 қомат афрохт. Мардум давоми як сол барои фарзандону наберагонашон меҳнат карда, сохтмони биноро ба сомон расонданд. Масоҳати он  480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳисоби буҷети вилоятӣ низ барои ҳар чи зудтар анҷом ёфтани сохтмони варзишгоҳ 85000 сомонӣ маблағ ҷудо шуд.
МТМУ № 26 - и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун соли 1972 сохта шуда, дорои даҳ синфхона буд. Шурӯъ аз соли 2014 мактаб дорои 28 синфхона шудааст, ки аз ғайрату ҳиммати сокинони он дарак медиҳад. Вазорати маориф ва илм иқдоми неки сокинони деҳаро дастгирӣ намуда, ба маблағи 48 000 сомонӣ мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хонишро ба муассисаи мазкур туҳфа намуд.
Чанде пеш дар  шаҳраки Ғончӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии № 1 бинои иловагӣ барои се гурӯҳ мавриди истифода қарор гирифта, 75 кӯдак бо таълиму тарбия фарогир шуданд. Дар бунёди бино ба сохтмончиёни ҶДММ «Гулдаст» гурӯҳи кормандони кӯдакистон, ихтиёриён ва падару модарон ёрӣ расонданд. Маъмурияти кӯдакистон аз ҳашарчиён сипосгузор аст. Барои муассисаи томактабии № 3 толори мусиқӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои хурдтаракони дӯстрӯи диёр дар Соли ҷавонон ва 25 - солагии  Иҷлосияи тақдирсоз армуғони арзанда гашт.
Ҳоло дар асоси лоиҳаи «Беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ» дар деҳаҳои Далён, Хӯштоири Мухлон, Метк, Хишекат марказҳои саломатӣ бунёд ёфта истодаанд ва марказҳои саломатии деҳаҳои Далён ва Хӯштоири Мухлон дар арафаи ба истифода супурдан аст.
Соли гузашта дар ноҳияи Деваштич дар маҷмӯъ 28 иншооти гуногун қомат афрохта, ҳоло дар хизмати мардум қарор доранд. Мардуми ноҳия пайрави анъанаҳои неки гузаштагон буда, барои ободу зебо гаштани диёр бо ҳамдиливу ҳамбастагӣ заҳмат мекашанд ва медонанд, ки кӯшишу талошҳои онҳо барои беҳбудии ояндаи фарзандонашон аст.
Усмонҷон ИКРОМОВ,
Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 201

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед