logo

иҷтимоиёт

КУФРОНИ НЕЪМАТ НАКУНЕМ

Дар марҳилаи ҷаҳонишавии муносибатҳою  бархӯрди тафаккурҳо дар заминаи амалигардонии манфиатҳои хеш аз ҷониби абарқудратҳо моро лозим аст, ки дар самти таълиму тарбияи насли  наврас  бештар аз пештар ҷаҳд намуда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳои маънавии миллии хеш  талошҳои  зиёде дошта бошем.
Оре, то дороии маънавии ин миллати  куҳанбунёду озода аз миён наравад. Ҳар як  фарди  миллатдӯсту соҳибватанро лозим аст, ки аз боигарии маънавии миллати хеш ифтихор доштаву  муҳофизи он бошад. Имрӯз ба ҳаводиси ҷаҳон  назар афканда, беихтиёр шукри оромии кишвару ободии диёрро мекунам. Шукри Яздони покро  менамоям, ки  ин Ватани биҳиштосои моро дар чунин даврони талошу  кашмакашҳои абарқудратону ҷоҳталабон эмин  нигоҳ  доштааст. Мо - аҳли зиё ва бахусус, тамоми омӯзгорону маорифпарваронро лозим аст, ки ин дастоварди беназир, оромии  Меҳану талош ба ободкориҳоро, ки тавассути ҷаҳди  ҷоннисоронаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву аз дурахши ахтари бахти миллат ва расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари давлатдории миллӣ мужда   медиҳад, сипосгузор бошему онро ҳифз  намоем. 
Гоҳҳо аз амалу рафторҳои  баъзе  аз  аъзои  ҷомеа ба шигифт омадаву афсӯс мехӯраму дил дар қафаси сина  аз мавзунии тапиш бурун  омада, “андаруни  сина ман танг омадам, фарёд кун”  мегӯяд. Ёдам меояд суханронии яке аз сайёҳони шветсарӣ: “Ин  сарзамини зебоманзари шумо ба монанди зодгоҳи ман - Шветсария хеле тозаву покиза асту аз он  амниятноктар аст”.
Тағйироти ҷаҳони муосир  ва ба иттилооти гуногун  дастрас будани ҷавонону  наврасон  боиси  истифодаи  ахбори нодурусту пур аз ғаразҳои бади сиёсӣ дар самтҳои мухталиф мегардад. Моро лозим аст, ки  тавону неру ва дороии ҷавонону  нав-расонро ба  самти некуию  накуандешӣ равона созем. Омӯзиши илму технологияи муосирро дар тафаккури  ҷавонон бедор намоем. Фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ, инсондӯстӣ тарбия бикунем, чунки берун шудан аз  доираи тарбияи миллӣ ва гаравишҳо ва даст задан ба амалҳои номатлуб онҳоро аз доираи эҳтиром ба миллат, Ватан, падару модар ва умуман, инсоният берун менамояд. 
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ин самт беҳтарин дас-тур ва раҳнамо аст.
Ҳабибулло  ҚУРБОНОВ,
директори гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”- и  ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 225

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед