logo

иҷтимоиёт

ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН. НАТИҶАҲО БЕҲТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ

Дар Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардид. «Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли  молҳои   ниёзи мардум  дар хона   ва   рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши  чунин молу мавод  аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод  карда шавад»  -  омадааст дар Паём. Сарвари давлат бо  мақсади   рушди ҳунарҳои мардумӣ  Ҳукумати ҷумҳуриро муваззаф намуд, ки  тавассути «Фонди дастгирии соҳибкорон»  ба соҳибкорону  ҳунармандон   ҷудо  намудани   қарзҳои имтиёзнокро васеъ ба роҳ монад. Яке аз ҳадафҳои  ин иқдом барои таъмини шароити мусоиди кор ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ фароҳам овардани  заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ  мебошад.

Аслам Раҳимов, директори  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», ташаббуси нави Сарвари давлатро барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум муҳим арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт: 
-Тайи солҳои охир баланд бардоштани сатҳи малакаи касбии шаҳрвандон, таъмини шуғли аҳолӣ ва беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасониҳо аз самтҳои афзали сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар маркази таълимӣ  давоми соли 2017 қариб 13 ҳазор  бонуи хонашин  касбу ҳунарҳои мардумӣ,   аз қабили  қолинбофӣ,  қӯроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ,  дуредгарӣ, адрасбофӣ,   сабадбофӣ,  тоқидӯзӣ,  дӯзандагӣ, гилембофӣ   кулолгарӣ ва  ғайраро азхуд намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Айни замон дар  маркази таълимӣ  ва филиалҳои он зиёда аз 300 дастгоҳ барои  адрасу қолинбофӣ ва гулдӯзию шерозадӯзӣ, маводу таҷҳизоти омӯзиши оҳангарӣ, кулолгарӣ,  кандакорӣ дар чӯб мавриди омӯзиш ва истифодаи таълимгирандагон қарор доранд. 
Бо эълон доштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  тамоми кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла  мутасаддиёни таҳсилоти калонсолон вазифадор гардиданд, ки дар самти омӯзиши ҳунарҳои миллӣ,   бахусус аз ҳисоби  занону духтарони хонашин, чораҳои зарурӣ андешанд.   Дар ин маврид дар заминаи марказҳои таълими калонсолон таъсис додани коргоҳҳои нави таълимӣ -  истеҳсолии атласу адрас, қолинҳо  ва маҳсулоти дигари ҳунарҳои мардумиро ба нақша гирифтаем.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 269

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед