logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ФАРО РАСИД

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи нави рушду тавсеаи ин ду бахши ба ҳам алоқаманду судовар фаро хоҳад расид.
Мираҳмад Саидаҳмадов, муовини директори коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мегӯяд, ки ҷомеаи устодону таълимгирандагони муассиса аз ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардид, самимона истиқбол карданд. Зеро ба андешаи мо, ин иқдоми наҷиб ба рушди ҳунарҳои милливу мардумӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар муаррифии санъати ҳунармандӣ ва фарҳанги миллӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, ягона омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумии сирф тоҷикист. Рушди ҳунарҳои миллӣ аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, идеяи таъсис ва ташкили коллеҷи мо маҳсули ибтикороти бевоситаи Пешвои миллат аст.
Айни замон муассисаи давлатии таълимии коллеҷ муваққатан дар як қисми бинои литсейи касбӣ - техникии шаҳр ҷойгир буда, сохтмони бинои асосии он, ки моҳи декабри соли 2015 шурӯъ шуда буд, идома дорад. Ҳар сол мувофиқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 11 ихтисос донишҷӯёнро қабул менамояд. Сол ба сол теъдоди донишҷӯён зиёд шуда истодааст. Масалан, соли 2012 - ум 35 нафар донишҷӯ таҳсил менамуд, ки ин нишондод дар соли 2017 ба 96 нафар расид. То имрӯз 334 нафар ҷавонписарону духтарон ин даргоҳро хатм намудаанд. Донишҷӯёни аз дигар минтақаҳо таҳсил дошта дар як қисми хобгоҳи литсейи касбӣ - техникии шаҳр истиқомат мекунанд.
Маҳсули меҳнати дастони донишҷӯёни коллеҷ дар бисёр намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2012 дар шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2013 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2014 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба намоиш гузошта шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шудаанд. Соли 2014 маҳсули меҳнати донишҷӯён дар озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда сазовори ҷойи аввал гардид. 
Талабот дар солҳои охир барои омӯхтани ҳунарҳои миллӣ дар байни ҷавонони кишвар зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, маъмурияти коллеҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки пас аз ба охир расидани бинои нави коллеҷ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳунармандони беҳ-таринро даъват намуда, ба таълими шогирдон ҷалб намоянд.
– Мо дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлатамон дар ин роҳ содиқона заҳмат кашида, барои рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳем кард,- гуфт Мираҳмад Саидаҳмадов.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 624
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед