logo

сиёсат

АМНИЯТИ ПОЙДОР ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОР

Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён намуда, таъкид карданд, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад, боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ  ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Сарвари давлат зикр карданд, ки: «Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Бо таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, 21- 22 майи соли равон, дар саммити  сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Шоҳ Абдулазизи Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, таъкид карданд, ки сулҳу суботи комили сиёсӣ омили калидии раванди созандаи рушди устувор мебошад. Ҳарчанд тайи 25 соли охир барои бартараф кардани ин мушкилот садҳо ҳамоиши минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардида бошанд ҳам, то ҳол  ба натиҷаи дилхоҳ нарасидаем. Ҳанӯз ҳам «меъёрҳои дугона», «мавқеъгирии духӯра», пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ба мушоҳида мерасанд. Сарвари давлат  рӯзҳои вазнини ибтидои солҳои 90 - уми қарни гузаштаро  ба ёд оварда, таъкид карданд, ки «кишвари мо бо падидаи густурдаи зӯровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгароиву террористӣ маншаъ мегирифтанд, рӯ ба рӯ шуд».
Хушбахтона, пас аз талошҳои хастанопазири роҳбарияти олии кишвар ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар ҷомеа ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гашт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит сохт, ки  ҳар иқдоми неки пешгирифта, пирӯзӣ меорад. Истифода ва ташаккули  муколамаи васеи миллӣ воситаи муҳими пирӯзӣ гардид. Ва ин  таҷрибаро Сарвари давлати мо ба иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод карданд.
Ноамнию хатарҳои замони муосир ба амнияти кишвари мо низ таҳдид менамоянд. Боиси таассуф аст, ки баъзе ҳамватанони гумроҳгаштаамон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, ба ҳамин васила мехоҳанд амнияту суботро дар ҷомеа халалдор созанд. Ғофил аз онанд, ки имрӯз фарзандони  далеру шуҷоъ ва бонангу номуси кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ватандӯстонаи Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлолро мисли гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намегузоранд, ки бадхоҳони миллат ба ниятҳои нопоки худ бирасанд.
Дилафрӯз  ШУКРУЛЛОЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 301

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед