logo

иқтисод

ПАЁМ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф сохтанд, ки дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки муассисаҳои илмии академияро зарур аст таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯӣ - геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома диҳанд.
Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотию технологиро вусъат бахшанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали  Муттаҳид «Дар бораи тағйирёбии иқлим» аз соли 1998 ҳамроҳ буда,  Сарвари давлат 5 маротиба аз минбари бонуфузи СММ оид ба пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим пешниҳодҳои ҷолиб намудаанд. Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партов ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир маҳсуб меёбад.
Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Кишвари мо, ки зиёда аз 93 дарсади қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои он беш аз 60 дарсади захираҳои оби минтақаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, обшавии босуръати пиряхҳо, ки бар асари тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст, ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Тавре ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд дар давоми 40 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи хурду калони мавҷудаи кишвар, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Феълан ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабаби хароб гардидани иншооти зиёди иқтисодӣ ва ворид шудани хисороти бузург мегардад.
Ҳолати имрӯзаи вазъи муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ бо сабаби афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, густариши пайвастаи заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.
Барои кишвари мо татбиқи чораҳои амалӣ дар робита ба ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз таназзули захираҳои обӣ (дарёҳо, кӯлҳо, захираи барф ва пиряхҳо) ва табиӣ ниҳоят муҳим аст.
Аз ҳисоби офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ зарар ба вуқӯъ пайваста, хушксолию биёбоншавӣ ба сарчашмаи василаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одамон дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзудани истеъмоли об боис мегардад.
Ширин ҚУРБОНОВА,
раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Илмпешагон» - и раёсати  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 232

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед