logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

КАРЧИ ДОННЕРТ
Эгон Файн, журналист, аз олами ҳодисаҳо 1000 факти аҷибро дар як маҷмӯа гирд овардааст, ки басо ҳайратовар буда, ба хонандаҳо завқи зиёд мебахшанд. Ӯ навиштааст: жонглёри сирки давлатии Маҷористон Карчи Доннерт бо як барномаи шоҳонаи худ хеле ифтихор дошт: вай бо ҳафт чӯбдаст ҳунарнамоӣ мекард. Дар вақти бозӣ дорондани чӯбдастҳо тамошобинон низ ба тарафи ӯ чӯбдаст ҳаво медоданд ва касе, ки бо чӯбдасташ ба яке аз чӯбдастҳои найрангбоз мезад, ҳамон нишонгир соҳиби туҳфа мешуд. Вале, баъд аз як намоиш дар шаҳри Ипсвичи Англия вай аз нақшаи барномаҳояш ин бозии шоҳонаро хат зад, яъне аз баҳраш баромад. Сабаб ин буд, ки як чӯбдасти ҳавододаи тамошобине ба сараш заду ӯро ҳафтае дар беморхона бистарӣ кард.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ЛАБХАНД ВА ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ ДУХТАРИ ТОҶИК
Сокини 24 – солаи шаҳри Хуҷанд Рухшона Шарифова дар Озмуни байналмилалии зеботарин лабханди ҷаҳон – «Smile of Universe» ба даври чорякниҳоӣ баромад.
Айни замон даври овоздиҳӣ идома дошта, дар ҷамъбасти он панҷ иштирокчӣ ба даври ниҳоӣ роҳ меёбад.
Соли гузашта низ намояндаи Тоҷикистон Садорат Маматқулова ба даҳгонаи иштирокчиёни Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ворид шуд. Ӯ барандаи ҷоизаи раиси ҳайати доварони озмун гардид.
Барандаи озмун на танҳо соҳиби диплом ва ҷоиза, балки имконияти иштирок дар чорабиниҳои иҷтимоии сатҳи ҷаҳониро низ пайдо мекунад. Ҷоизаи асосӣ 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии "Зеботарин лабханди ҷаҳон" озмуни иҷтимоӣ буда, дар он духтарони синни аз 18 - сола боло ширкат меварзанд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


4 КӮДАК ДАР ЯК СОНИЯ
Шумораи аҳолии ҷаҳон аввали соли равон ба 7 444 443 881 нафар мерасад. Аз рӯи маълумоти Бюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА соли ҷорӣ нисбат ба соли 2017 дар дунё 78,5 миллион нафар бештар зиндагӣ хоҳад кард.
Афзоиши аҳолӣ 1,07 дарсадро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки моҳи январи соли 2018 ҳар сония дар олам 4 кӯдак таваллуд мегардад.
Агар шумо дар хотир дошта бошед, дар оғози қарни XI дар рӯи Замин 310 миллион одам умр ба сар мебурд ва дар соли 1900 ин теъдод ба 1,6 миллиард расид. Ҳадди 6 миллиарднафара соли 1999 фатҳ шуда буд.
Аҳолии кураи Замин дар соли 2011 ҳафт миллиардро ташкил дод.
Таҳияи И. РАҶАБАЛӢ


СТАЛИН ВА ПЕШНИҲОДИ КОМИССАР
Октябри соли 1941. Вазнинтарин рӯзҳои муҳориба дар назди  Москва. Сталин аз комиссари корпус, узви Шӯрои Неруҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ Степанов мепурсад:
- Вазъият чӣ тавр аст?
- Роҳбарияти фармондеҳӣ хавотир аз он аст, ки ситоди фронт ба мавқеи муқовимат ниҳоят наздик ҷойгир аст. Пешниҳод менамоем, ки ситодро дуртар – ба шарқи Москва кӯчонем, - мегӯяд комиссар.
Баъди лаҳзаи хомӯшӣ Сталин, аз рӯи табиате, ки дошт, оромона мепурсад:
- Рафиқ Степанов, аз аъзои штаб пурсед, ки бел доранд?
- Чӣ хел бел, рафиқ Сталин?- тамоман сарфаҳм нарафта, мепурсад Степанов.
- Фарқ надорад, ҳар хеле, ки бошад, мешавад. Ба рафиқон гӯед, ки беҳтараш белҳоро гирифта, гӯрҳояшонро бо дасти худ кананд. Ситоди фронт дар ҷояш ва ман дар Мос-ква мемонем, фаҳмидед?!
Таҳияи М. ХОЛМУРОДОВА


1 0  КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Китобхона ё меҳмонхона?
Дар соҳили Паненгаи ҷазираи Самуи Таиланд бинои китобхонаи боҳашамату ғайриодӣ қомат афрохтааст. Ин шоҳкории меъмор, ки «The Libraru Resort» ном дорад, бинандаҳо на танҳо ҳамчун китобхонаи муқаррарӣ, балки чун яке аз меҳмонхонаҳои Таиланд қабул кардаанд.
Таҳияи С. ГУЛНИСО


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
11. Пули Босфор
Он даъвои дарозтарин ё калонтарин кӯпруки дунё накунад ҳам, месазад аз ҳамин ҷумлааш шуморем. Зеро Босфор василаи пайвасти ду қитъа – Аврупо ва Осиё мебошад. Сохтмони он соли 1973 анҷом ёфт. Соли 2005 бошад, дар болои он воқеаи ғайриодӣ сурат гирифт: теннисбози машҳури амрикоӣ Винус Вилямс ва бозигари турк Ипек Сеноғлу 5 дақиқа зӯрозмоӣ карданд. Ин нахустин мусобиқа байни варзишгари ду қитъа буд.
Таҳияи Н. ШАМСИДДИН


МИЛЛИАРД КАДОМ КИШВАР БЕШТАР ДОРАД?
Дар ҷаҳон 2188 миллиарддор ба сар мебарад. Теъдоди аз ҳама зиёди онҳо дар Чин мебошад, ки 568 нафарро ташкил медиҳад.
Амрико бо 535 нафар миллиарддор дар ҷойи дувум меистад.  Ҳиндустон «соҳиб» - и  111 сарватманд буда, дар сатри сеюм қарор дорад. Олмон бо 82 ва Русия бо 80 миллиарддор мутаносибан дар мавқеи чоруму панҷум мебошанд.
Таҳлилгарон ба рӯихати мазкур, ҳамчунин, Британияи Кабир (82 нафар) , Швейтсария (66), Фаронса (51), Бразилия (49), Ҷопон (42), Италия (37), Канада (35), Туркия (34), Сингапур (32) ва Кореяи Ҷанубиро ворид кардаанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ПАРКИ ОБӢ
«Wild Wadi Water Park» – бо тарҳи меъмории ғайриодиаш тамоми сайёҳони оламро мафтун намудааст. Ин дарёи сунъӣ бо услуби меъмории асримиёнагии араб дар қисми марказии шаҳри Дубай бо масоҳати 49 ҳазор метри мураббаъ ва дарозии 360 метр сохта шудааст.  Дар он ҷо тамоми шароит барои истироҳат муҳайё буда, 28 борачаҳои обӣ бо дарозии аз 12 то 128 метр, 23 ҳавзи калони оббозӣ, шаршараи сунъие бо баландии 18 метр, мағоза, ошхона ва толорҳои дилхушӣ   ҳамарӯза дар хизмати мардум қарор гирифтаанд.  «Wild Wadi Water Park» нодиртарин ва зеботарин  парки обӣ дар сайёра эътироф гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


КЭМПБЕЛЛ ФАРОСАТИ ЯК КӮДАК
Муҳаббат ба  кӯдакони маъюб ва талоши кумак  ба  онҳо Кэмпбелл Ремеси 12 - солаи  австралиягиро дар тамоми дунё  машҳур кард. Вақте Кэмпбелл 9 сол дошт, ҳангоми фарорасии Соли нави миллодӣ аз волидони худ хоҳиш мекунад, ки барои тамоми кӯдакони бемор ва бепарастори дунё туҳфаҳои солинавӣ тақдим кунанд. Аммо волидон, ки чунин имкон надоштанд, хоҳиши фарзандашонро иҷро накарданд. 
«Ман гумон доштам, ки шояд писарам расм кашида, ҳамчун туҳфа ба кӯдакон тақдим мекунад, вале ӯ дигар роҳро интихоб намуд»,- мегӯяд Соня Уиттакер, модари Кэмпбелл.  Кэмпбелл ба хулосае меояд, ки бозичаҳоро худаш дӯзад. Инак, ӯ ҳарсол 365 бозичаи гуногунранг дӯхта, дар арафаи Соли нав ба кӯдакони маъюбу бемор тақдим менамояд.
Дар оилаи Кэмпбелл қариб  тамоми маблағи бадастомада ба  хариди маҳсулот барои бозичасозӣ сарф мешавад. Кэмпбелл то имрӯз зиёда аз 800 бозича омода намудааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


КОРНАМОИҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
3. Шарл Ригуло
Ӯ вазнбардори машҳури солҳои бистуми асри ХХ Фаронса ба ҳисоб меравад. Мавсуф чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 буда, аз соли 1923 то 1926 дар вазнбардорӣ 10 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Ҳамон замон ӯ ҳамчун пурқувваттарин инсони олам эътироф мешуд.
Дар давраи Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939 – 1945) Шарл Ригулоро барои ба сари афсари фашисти истилогар даст бардоштан зиндонӣ карданд. Вале ӯ бо зӯру қуввати хеш, панҷараҳои маҳбасро барканда, на танҳо худ, балки дигар ҳабсшудагонро низ аз зиндон раҳо намуд. 
Таҳияи Ш. ШОКИРОВ


ҲЕЛЛЕН НОБИҒАИ НОБИНО
Ҳеллен Адамс Келлер - солим ба дунё омада, дар яксолагиаш ба роҳ рафтан шурӯъ кардааст. Ӯ биноии хубе дошт ва ба осонӣ сӯзани дар рӯи фарш афтодаро ёфта метавонист. Аз рӯйи гуфтаи модараш дар шашмоҳагӣ чанд калимаро канда - канда ба забон меовард. Вале дар якунимсолагиаш ба  бемории менингит гирифтор шуда, якбора биноӣ ва шунавоии худро аз даст дод.
Волидони Ҳеллен Энн Салливани 21- соларо ба хидмат гирифтанд, то ба ӯ дарс бидиҳад. Баъд аз се моҳи омӯзиш Ҳеллен тавонист ба дӯсташ бо хати Брайлӣ мактуб ирсол намояд. Ин оғози шуҳрати Ҳеллени ношунаво ва нобино буд. Дере нагузашта Ҳеллен бо кумаки Энн Салливан ба яке аз бузургтарин занони дунё табдил ёфт. Марк Твен, нависандаи бузурги амрикоӣ,  дар яке аз асарҳои худ навишт: «Ҷолибтарин шахсиятҳои қарни нуздаҳум ба назари ман ду нафар буданд - Наполеон Бонапарт ва Ҳеллен Келлер». Замоне ки Марк Твен ин суханонро ба забон овард, Ҳеллен Келлер 15 сол дошт ва ҳанӯз машҳур нашуда буд. Марк Твен фаҳмида буд, ки Ҳеллен яке аз ҷолибтарин ва шигифтангезтарин занони қарни бистум хоҳад шуд. Ҳеллен Келлер ба коллеҷи Рэдклифф рафт. Ҳангоми таҳсил маҷаллаи «Ladies Home Journal» аз Ҳеллен дархост кард, то зиндагиномаи худро бинависад ва аз ин роҳ ба кунҷковиҳои беинтиҳои мардуми саросари ҷаҳон посух диҳад. Ӯ зиндагиномаи худро навишт ва онро «Достони зиндагии ман» номид. Соли 1903  он ба шакли китоб аз чоп баромад. Ӯ  нахустин нобино ва ношунавое буд, ки ба унвони донишҷӯи беҳтарин коллеҷро дар 24 - солагиаш, соли 1904 хатм кард. Ҳеллен бо ҳис кардани ларзишҳои скрипка метавонист бигӯяд, ки оҳангсози мусиқии навохташуда кист. Ӯ китобҳои гуногунеро мунташир кард. Ӯ муаллифи 7 китоб аст.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


БАЛАНД. БОЗ ҲАМ БАЛАНДТАР. АЗ ҲАМА БАЛАНД
Манораҳои баланд шоҳкории тамаддуни Аврупо намебошанд. Қисми зиёди онҳо ба худоҳои гуногуни Осиё тааллуқ доранд. Агар шумо гумон дошта бошед, ки муҷассамаи Озодӣ аз ҳама баланд аст, пас ғалат кардаед. Инак, раддабандии онҳоро аз пойин ба боло пешкашатон менамоем:
10. Буддои бузурги Таиланд
Тасвири Гаутама Буддо мебошад, ки дар Анг Тонги Таиланд ҷойгир аст. 92 метр баландӣ дош-та, сохтмонаш соли 2008 ба анҷом расидааст.
9. Ҳайкали Пётри бузург
Императори Русия Пётри – I – ро тасвир кардааст. 96 метр баландӣ дошта, соли 1997  сохта шуд.
8. Муҷассамаи Гуанин аз Вейшан
Гуанин — қаҳрамони асотирии ветнамӣ, чинӣ, кореягӣ ва ҷопонӣ  мебошад. Он дар Вейшан Чанша, музофоти Хунани Чин ҷойгир шудааст. Баландиаш 99 метр. Сохтмонаш соли 2009 ба итмом расидааст.
7. Сендай Дайканнон
Дар Сендайи Ҷопон ҷойгир аст. Соли 1991 сохта шуда, баландиаш 100 метр мебошад.
6. Императорони Чин Ян ва Хуан
Макони ҷойгиршавиаш шаҳри Чжэн Чжоу, музофоти Хэнани Чин. Баландиаш 106 метр. Соли 2007 сохтмонаш ба итмом расид.
5. Салиби Вале – де – лос – Каидос
Салиби насрониёнро таҷассум намудааст. Дар Мадриди Испания ҷойгир аст.  Баландиаш 108 метр буда, соли 1965 сохта шудааст.
4. Гуан Ин аз дарёи Ҷанубии Саня
Макони ҷойгиршавиаш – Саня, Хайнан дар Чин.
Баландиаш 108 метр. Сохтмонаш соли 2005 ба итмом расид.
3. Ушику Дайбутсу
Буддои Амитабхро таҷассум менамояд. Дар Ҷопон ҷой гирифтааст. Соли 1993 сохта шуда, баландиаш 110 метр-ро ташкил медиҳад.
2. Лайкуин Сеткуар
Тасвири Буддо буда, дар Мониов – Сагайни Бирма ҷойгир аст. Баландии 116 метрро ташкил дода, соли 2008 сохта шудааст.
1. Ибодатгоҳи баҳори Буддо
Ҳамчун тасвири Вайрочана Буддо он дар Лушан, Хэнани Чин ҷойгир аст. Сохт-монаш соли 2002 ба итмом расид. Баландиаш 128 метр мебошад. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ДАРЁИ ҶӮШОН
Дар умқи ҷангалҳои боронии Амазонка дарёи ҷӯшони Маянтуяку ҷорист. Сокинони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки оби ҷӯшонро мори бузургу бадҳайбате бо номи Якумама фаввора зада мебарорад. Воқеан дар саргаҳи дарё харсанги лӯндаест, ки шакли сари морро дорост.
Ҳарорати оби дарё тағйирёбанда буда, аз 50 то 90 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ҳатто дар баъзе қисматҳояш то ба 100 дараҷа мерасад.
Дар Амазонка чашмаҳои гарм зиёданд, вале ягонтои онҳо ба андозаи дарёи ҷӯшони Маянтуяку баробар намешаванд.
 Тӯли бештар аз 75 сол дар бораи ин муъҷизаи табиат таҳқиқот ва ҳуҷҷатгузорие нашуда буд. Барои бештари перугиҳо дарёи мазкур танҳо як қисса аст. Олими таҳқиқотгар Андрес Рузо эътимоде ба мавҷудияти ин дарё надошт, вале таърихи зиёди он ӯро ба сӯйи худ кашид. Рузо роҷеъ ба ин дарё бори аввал дар синни 12 – солагӣ аз бобояш шунид. Тибқи ривоятҳо дарё аз тарафи конкистадорҳои испанӣ, ки ба умқи ҷангалҳои боронӣ ҷиҳати дарёфти тилло рафтаанд, кашф шудааст. Рузо оид ба ин зуҳуроти ғайриодӣ бо номи «Саргузашт ва бозёфт дар Амазонка» китобе навишта, умед дорад, ки таваҷҷуҳро ба дарёи нодир ҷалб намояд. Воқеан, соли 2016 пас аз чопи китоби геофизик Андрес Рузо бо номи «Дарёи ҷӯшон» тамоми дунё аз мавҷудияти дарёи муъҷизавӣ бохабар шуданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


116 СОЛ УМРИ ЯК ЛАМПОЧКА
Соли 1901 дар шаҳраки Ливермори Амрико устое дар гаражи бетонии қисми сӯхторнишонӣ сими барқ кашида, дар сақфи он лампаи тафсони Эдисонро дуруст кард. Дар идораҳое, ки шабурӯз кор мекунанд, аз ҷумла қисми сӯхторнишонӣ, чароғро ягон вақт хомӯш намесозанд. Лампочкаи сақф лаҳзае, ки Генри Форд нахустин дар дунё конвейери автомобилбарорияшро ба кор даровард, фурӯзон буд. Он дар тамоми давраи Ҷанги якуми ҷаҳон хомӯш нашуд. Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфту ба охир расид,  лампочка ҳамоно даргирон буд. Вақте Юрий Гагарин ба кайҳон парид, сӯхторнишонҳои Ливермор дар равшании он хӯроки шом мехӯрданд.
Албатта, лаҳзаҳое, ки тамоми қисми сӯхторнишонӣ бебарқ мемонд, лампочка кор намекард. Дар мавридҳои дигар бошад, ба гӯшаи хаёли касе хомӯш сохтани он намеомад. Зеро калидаки бо технологияи куҳна сохташуда дар худи патрон ҷойгир буда,  барои хомӯшсозии барқ бо нардбон то сақф боло шудан лозим меомад.
Аз мавҷудияти ин лампаи аҷиб танҳо соли 1972 хабарнигори маҳаллӣ воқиф гашт. Диққати ӯро пойдевори қадимаи гараж ба худ кашид ва таърихи онро аз пиронсолон пурсуҷӯ кард. Фавран коршиносон омада, лампочкаро бодиққат таҳқиқ ва беҳамтоии онро тасдиқ карданд. Асбоби рӯшноиро дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт намуданд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
26. Бо ҳар нафар чунон муносибат намоед, ки тамоми фармудаҳои шуморо бо хурсандӣ иҷро кунад.
27. Ба дигарон тақлид макунед.
28. Бикӯшед то дигаронро хушбахт созед.
29. Кӯшиш намоед, то бештар ба муваффақияту комёбиҳоятон аҳамият диҳед, на ба мушкилотатон.
30. Мудом дар бораи осоиш, ҷасорат, тандурустӣ ва умед ба ояндаи нек фикр кунед.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2018    №: 4    Мутолиа карданд: 277

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед