logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад. 
2. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ  ва таърихию фарҳангии мамлакат мебошад;
- воҳиди  маъмурию  ҳудудиест, ки  мақоми  махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;
- маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.
Моддаи 2. Мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии шаҳри Душанбе фаҳмида мешавад, ки мутобиқи он  ҳуқуқу вазифаҳои алоҳидаи бо Қонуни мазкур муқарраргардидаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро  эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Кафолатҳои таъмини функсияҳои  пойтахтро амалӣ намудани шаҳри Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои аз тарафи шаҳри Душанбе амалӣ намудани функсияҳои пойтахтро бо роҳҳои зерин таъмин менамояд:
- дар буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо намудани сатри алоҳидаи хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт;
- пешниҳод намудани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (субсидия) ба шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба моликияти шаҳри Душанбе додани молу мулке, ки барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт зарур мебошанд;
- пешкаш намудани кафолатҳои давлатӣ ба сармоягузориҳое, ки баҳри рушди инфрасохторҳои пойтахт ҷалб карда мешаванд;
- андешидани чораҳои дигар, ки амалигардонии функсияҳои пойтахтро таъмин менамоянд.
Моддаи 5. Мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи иштирок дар  корҳои зерин  мусоидат менамоянд:
- таҳия ва амалисозии барномаҳои мақсадноки рушди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар;
- мутобиқи шартномаҳои бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе басташуда амалӣ намудани нақшаҳои сохтмон, таъмиру таҷдид ва нигоҳдории объектҳое, ки ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд;
- нигоҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, роҳҳои автомобилгард, низоми нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд;
- рушди объектҳои хоҷагии коммуналию манзилӣ, ки баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои коммуналию маишии аҳолии шаҳри Душанбе равона шудаанд;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ташкили чорабиниҳо барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон.
Моддаи 6. Ҳудуди шаҳри Душанбе
1. Ҳудуди шаҳри Душанбе бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
2. Ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамаи заминҳои дар доираи сарҳади маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе қарордоштаро дар бар мегирад.
3. Бо мақсади идоракунии самараноки шаҳр, ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва иҷрои ваколатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда ҳудуди шаҳри Душанбе ба ноҳияҳо тақсим шудааст.
4. Ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, шаҳрсозӣ, шумораи аҳолӣ, ҷойгиршавии коммуникатсияи нақлиёт, мавҷудияти инфрасохтори муҳандисӣ ва хусусиятҳои дигари ҳудудӣ ташкил карда шудаанд.
Моддаи 7. Маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.
2. Дар ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони  шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ, манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба байторӣ иҷозат дода мешавад.

БОБИ 2. ХУСУСИЯТҲОИ ИДОРАКУНИИ МАҚОМОТИ
МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ПОЙТАХТ
Моддаи 8.  Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт
Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баланд бардоштани имкониятҳои рақобатпазирии пойтахт дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигари ҷаҳон;
- бунёди шаҳр бо рушди устувор;
- рушди пойтахт ҳамчун маркази равобити байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумидавлатӣ ва байналмилалӣ;
- амалигардонии дигар функсияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ дар пойтахт
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар баробари ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаҳои мушаххаси нақшаҳои батанзимдарории сохтмон, меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ва истифодабарии иншоотҳои пойтахтро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои ободонӣ ва нигоҳдории пойтахтро тасдиқ менамояд;
- банақшагирӣ ва таъмини стратегияи рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо амалӣ менамояд;
- тартиби вуруди нақлиёти дигар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе ва ҳаракати  автомашинаҳои сабукрав, таксиҳо, нақлиёти боркаш ва махсусро дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд;
- бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар давлатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байналмилалиро барқарор менамояд;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин, бино, иншоот, манзил, хизматрасонии манзилию коммуналӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасониро пешниҳод менамояд;
- барои гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва кумаки молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ шароити заруриро таъмин мекунад;
- дар таҳия ва амалигардонии барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии рушди шаҳри Душанбе иштирок менамояд;
- нигоҳдорӣ  ва  рушди  воситаҳои алоқа ва  роҳҳои  автомобилгарде, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд, инчунин хизматрасонии нақлиётиро ба аҳолӣ таъмин менамояд;
- марказҳои ягонаи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳри Душанберо таъсис медиҳад;
- қоидаҳои ташкил ва гузаронидани таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёнаи пойтахтро, ки барои бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона гардидаанд, тасдиқ менамояд;
- тавассути ташкилотҳои ваколатдор барои таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёнаи пойтахт, ки ба бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона карда шудаанд, аз буҷети маҳаллӣ маблағҳо пардохт менамояд;
- ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои рушди пойтахт амалӣ менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бевосита ба манфиатҳои пойтахт дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои фаъолият ва рушди пойтахт ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар ҳалли масъалаҳои баргузории чорабиниҳои дорои хусусияти умумидавлатӣ ва байналмилалӣ дар пойтахт иштирок менамояд;
- тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе супоридани объектҳое, ки дар моликияти ҷумҳуриявӣ қарор дошта, дар ҳудуди пойтахт ҷойгиранд ва барои таъмини иҷрои функсияҳои пойтахт аҳамияти муҳим доранд, пешниҳод ирсол менамояд;
- тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон иштирок менамояд.
Моддаи 11. Биноҳо, сохтмонҳо, иншоот ва иморатҳои мақомоти давлатӣ, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд
Биноҳо, сохтмонҳо, иншоот ва иморатҳои мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе қарор дошта, дар онҳо мақоми олии қонунгузор, мақомоти  иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Моддаи 12. Фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар пойтахт
1. Дар ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  - шаҳри Душанбе фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ ба амал бароварда мешавад.
2. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.
4. Бо мақсади ба пойтахт додани симои ягонаи меъморӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муоинаи техникии хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаро мегузаронад. Дар асоси санади муоинаи техникӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе номгӯи хонаҳои таъмирталабро муайян мекунад. Тартиби гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаи зикргардидаро раиси шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд.
Моддаи 13. Таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт
1. Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2. Бо мақсади таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит барои амалигардонии функсияҳои мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавонад тартиби махсуси воридшавӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва чорабиниҳои санитарӣ-эпидемиологиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.

БОБИ 3. ХУСУСИЯТҲОИ ТАЪМИНОТИ
МОДДӢ ВА МОЛИЯВИИ ПОЙТАХТ
Моддаи 14. Хусусиятҳои маблағгузории хароҷоти марбут ба функсияҳои пойтахтро иҷро намудани шаҳри Душанбе
Маблағгузории хароҷоти марбут ба функсияҳои пойтахтро иҷро намудани шаҳри Душанбе ҳангоми муайян намудани буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли навбатии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки мақомоти  ҳокимияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои  дипломатии давлатҳои  хориҷӣ  ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои хизматрасонии шаҳр пардохт менамоянд, пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 15. Таъминоти моддӣ ва молиявии хароҷоти иловагии шаҳри Душанбе ҳангоми иҷро намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори мақомоти давлатӣ, ки ба иҷро намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст ва хароҷоти иловагиро пешбинӣ менамояд, бояд бо пешниҳод намудани воситаҳои моддӣ ва молиявии зарурӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа карда шавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, № 23, мод. 335; соли 2009, № 5, мод. 325) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1494


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 904

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 475


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 354

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед