logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод. 350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №3, мод.48;  с.1997, №9, мод. № 117; с.1998, №10, мод. 119; №22, мод. 318; с.1999, №5, мод.61; №9, мод.236; №12, мод. 351; с.2002 №4, қ.1, мод. 158; №11, мод. 711, 735; с. 2005, №7, мод. 406; с.2007, №7, мод.695; с. 2008, №10, мод. 823) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди «б» моддаи 3 пас аз калимаи «деҳқонӣ (фермерӣ» калимаҳои «, инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома» илова карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 731 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 731. Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият  менамоянд
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рӯи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рӯӣ маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рӯи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад.».
3. Ба моддаи 74 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рӯи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ,  агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 731), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад.».
4. Ба моддаи 78 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ба нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рӯи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 октябри соли 2009, № 554


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
 Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2009, № 1403

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ
НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2009, № 688


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 940

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед