logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳақназар Ғоиб шоири маҳбуб ва маъруфи кишвар мебошад. Беш аз 50 сол аст, ки эҷод мекунад ва 30 маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ расидаву дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.

Ҳанӯз аз даврони донишҷӯияш шеърҳои равону пурмуҳтавои ӯ диққати шоирони шинохта, устодон Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб ва Мастон Шералиро ба худ ҷалб карда буд. Дар ҳамин даврон ашъораш дар маҷаллаи адабӣ, бонуфузу пурэътибор – «Садои Шарқ» ба табъ мерасиданд.
Аз ҷумлаи маҷмӯаҳои ашъораш «Зинароҳ», «Тоҷи офтоб», «Эҳёнома», «Нигоҳи гарм», «Чашми саҳар», «Атри гиёҳ», «Барги сабзи ишқ», «Дар бистари нарми гул», «Гул, шиша ва санг» мебошанд.
Достонҳои ӯ дар парвариши зеҳн ва андеша, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ гардидаанд. «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки офтоб», «Суруши Хатлон» аз ин қабиланд.
Ашъори ӯро адабиётшиносон Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнонов, Аскар Ҳаким ва дигарон баррасӣ намуда, баҳои сазовор додаанд.
Донишмандон ва пажӯҳишгарони эронӣ низ дар хусуси ашъори ин шоири дилрас изҳор доштаанд, ки «инсонро ба шӯру ваҷд» меоранд.
Ҳақназар Ғоиб ашъори шоирони бузурги ҷаҳон чун С. Есенин, Е. Евтушенко, Г. Абашидзе, Гёте, Е. Межелайтис, Махдумқулӣ, Абдулло Ориф, Якуб Коласро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Китоби худи ӯро ба забони русӣ дар Маскав бо номи «Дорожный  провиант» нашр кардаанд. Намунаи ашъораш ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаву ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 268

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед