logo

иқтисод

КӮҲКОРӢ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ЗИЁДАНД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили тақвият додани рушди содирот ва тезондани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварданд, ки дар баробари коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ доир ба рушди истихроҷи маъдан ва коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Албатта, расидан ба ин ҳадаф аз вусъати корҳои иктишофӣ - геологӣ, истихроҷ ва фаъолияти пурсамари экспидитсияҳои геологӣ, ҳамчунин, омӯзиши қувваҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои коркард ва истеҳсол сахт бастагӣ дорад. Дар ин самт геологҳои тоҷик ба натиҷаҳои назаррас ҳам ноил шуда истодаанд. Беш аз 130 кони намуди гуногуни ашёи минералӣ, ба монанди металлҳои рангаю сиёҳ, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, маводи сӯзишворӣ ва сохтмон дар натиҷаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ самаранокии рушди иқтисоди миллиро вусъат мебахшад.
Файзуллозода Заробиддин, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин бора иброз дошт, ки тақвияти иқтидори содиротии кишвар аз ҳисоби истихроҷи маъдан ва коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо дар раванди таъсири ҳар гуна фишангҳо ба иқтисодиёти миллӣ айни муддаҳост. Геологҳои тоҷик дар заминаи конҳо ва зуҳуроти дар давраи шӯравӣ кашфшуда тавонистаанд соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ, кимиё, сӯзишворию энергетика, саноати  сохтмон ва сангтароширо то андозае пешрафт сохта, дар бунёди даҳҳо корхонаҳои саноати кӯҳӣ саҳм гузоранд. 125 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 6 корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 80 корхонаи истеҳсоли хишт, 46 корхонаи истеҳсоли регу шағал, 6 корхонаи коркарди санг, 6 корхонаи истеҳсоли оҳаку гаҷ ва ғайра дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳиссагузоранд. Ба истифода додани корхонаи саноатӣ дар ноҳияҳои Ёвону Бобоҷон Ғафуров, ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, коргоҳҳои истеҳсоли гаҷкартон, рангбарорӣ, бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳрҳои Ҳисору Истиқлол ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад. Айни замон корхонаҳои сементбарорӣ талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ гардонда, содиротро низ ба роҳ мондаанд. Бо назардошти торафт зиёд шудани талаботи кишвар ба ангишт, аз рӯйи маълумотҳо, истеҳсоли он то соли 2018 ба зиёда аз 2 миллион тонна расонда мешавад.
Бунёди корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулот, хусусан сангҳои қиматбаҳо, ба ҷалби ҳар чи бештари сармояи дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Маблағҳои аз Буҷети давлат ба соҳаи геология ҷудогардида, хусусан барои бурдани корҳои иктишофӣ – геологӣ, сол то сол зиёд гардида бошанд ҳам, барои то ҳадди зарурӣ пешрафт сохтани саноати кӯҳӣ нокифоя мебошанд.  Шумораи бештари корхонаҳои кӯҳкорӣ - геологии дар кишвар таъсисёфта бо сармоягузории дохилию хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои Чину Амрико ва Русия, роҳандозӣ шудаанд.
Барои ноил шудан ба дастовардҳои аз ин ҳам баланд ва мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ гузарондани корҳои иктишофӣ – геологӣ ва ниҳоят коркард ва истеҳсол намудани ашёи минералӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони заминшиносии Вазорати саноат ва маодини  Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хадамоти геологии Чин, Хадамоти геологии Финляндия, Хадамоти геологии Олмон ва давлатҳои ИДМ раванди муҷаҳҳазгардонии соҳа бо таҷҳизот ва воситаҳои техникии замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони баланд- ихтисос идома дорад.
О. ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 183

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед