logo

иҷтимоиёт

БАЛҶУВОН. ЯК СОЛИ ҶАВОНӢ

- Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо - ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза бахшид, - мегӯяд Аҳрор Сангов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Балҷувон.

Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи мазкур ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳа бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ноҳия мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он 6 мураббӣ аз рӯи 4 намуди варзиш: дзюдо, гӯштии миллӣ, футбол ва шашка ба 170 нафар наврас ҳамарӯза машқ медиҳад. Варзиш сол ба сол рушд дорад. Бахусус мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон, ки 20 декабри соли 2010 доир гардида буд, ба рушди варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Дар Соли ҷавонон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштии миллӣ баргузор гардид. Варзишгарони ноҳияи Балҷувон дар вазнҳои гуногун ба гирифтани 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ сазовор гаштанд. Аз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии миллӣ, ки дар ноҳияи Данғара доир гардида буд, бо 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ баргаштанд. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ: футбол, волейбол, шашкаи русӣ, гӯштӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо бештар аз 1000 нафар ширкат варзид.
- Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Балҷувон наврасонро пайваста ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намуда, баҳри солимии ҷомеа мекӯшад. Умуман, варзишгарони ноҳия дар соли гузашта дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 23 медал, аз ҷумла 6 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ гаштанд. Масъулини бахш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд низ фаъолиятро дар ин самт хубтару беҳтар ба роҳ ронда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва саҳм  гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон тамоми неруи созандаи худро равона созанд, - гуфт дар фароварди суҳбат Аҳрор Сангов.
К. Холназар,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 247

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед