иқтисод
ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ШАРОИТ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд. Бо ин мақсад, давоми ду соли сипаришуда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷараён ёфта, татбиқи тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» амалӣ мешаванд.
Султоншо Ҳомидов, сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тадбирҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» - ро дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин шарҳ дод:
- Барномаи миёнамуҳлати рушд моҳиятан ҳуҷҷати навест, ки барои панҷ сол таҳия шуда, фарогири ду сикли буҷетӣ мебошад. Эҳтиёҷоти умумии молиявии барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар 25,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки 55 дарсад барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, 36 фоиз аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 9 дарсад аз ҳисоби шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад.
Дар барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар роҳҳои идома додани равандҳои устуворгардонии рушди иқтисодӣ ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши теъдоди аҳолии табақаи миёна пешбинӣ гардидааст. Марҳила ба марҳила татбиқ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсад дар соли 2015 то 20 дарсад дар соли 2020 коҳиш ёбад.
Барномаи миёнамуҳлат чунин афзалиятҳои асосии рушдро пешбинӣ менамояд: истифодаи оқилонаи захираҳо, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, тақвияти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои комилу хушсифат, тараққиёти инфрасохтори нақлиётӣ, дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таҳкими нақши институтҳои ҷамъиятӣ дар рушди миллӣ, ташкили механизмҳои самараноки рушди маҳал, таъмини ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, коҳиш додани нобаробарии гендерӣ ва ҷалби бештари гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ҳаёти ҷомеа.
Барномаи миёнамуҳлат рушди иқтисоди миллиро дар асоси сенарияи индустриалӣ пешбинӣ менамояд, яъне рушди босуръати саноати кишварро барои ин давра дар назар дорад. Ҳамин тавр, ҳиссаи бахши саноат дар ММД то соли 2020 мунтазам афзоиш ёфта, ба 15,7 дарсад баробар мешавад.
Татбиқи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ то соли 2020 ба 26,2 миллиард кВт - соат расонда шавад, ки ин нисбат ба соли 2015 яку ним баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми содирот афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2016 – ум 1,7 баробар зиёд мегардад. Инчунин, дар барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар ба соҳаҳои иҷтимоии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Интизор меравад, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ бо дарназардошти сармоягузориҳо ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ то соли 2020 мутаносибан ба 6,7 ва 4,4 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонда шавад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2018 №: 7 Мутолиа карданд: 548