logo

иқтисод

АШТ. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ТО ТАВСЕАИ СОҲИБКОРӢ

Соли сипаришуда барои мардуми ноҳияи Ашт на фақат аз лиҳози истеҳсолот - рушди соҳоти кишоварзиву боғдорӣ ва чорводорӣ, ҳамчунин, дар самти корҳои созандагиву бунёдкорӣ низ соли хотирмону пурбаракат буд.

Дар давоми сол нишондиҳандаҳои аксар соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба солҳои пеш ба таври назаррас боло рафтанд. Масалан, истеҳсоли пахта ба ҷои 9 ҳазору 525 тоннаи қаблӣ, дар соли 2017 ба 14 ҳазору 830 тонна ва мевагиҳо ба ҷои 13 ҳазор 15 ҳазору 783 тонна истеҳсол шудааст, ки ба болоравии иқтисодиёти ноҳия ва сатҳи иҷтимоии мардум нақши назаррас дорад.
Ба гуфтаи Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт, дар ин давра муваффақияти бинокорон низ қобили тавсиф аст. Бо ташаббуси соҳибкорон иншооти гуногуни аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта сохта ба истифода дода шуданд, ки намои зоҳирии кӯчаву хиёбонҳо, деҳаву шаҳракҳои ноҳияро боз ҳам зеботар гардонданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Саёдҷон Ғанизода, сармеъмори ноҳияи Ашт шумораи иншооти нави мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ширкати фаъолонаи соҳибкорони маҳаллӣ 20 ададро ташкил медиҳад. Соҳибкор Пӯлод Ашӯров, дар баробари сохтмони коргоҳҳои коркарди мева ва сардхона дар даромадгоҳи шаҳраки Шайдон маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд намуд, ки мардумро бо маводи хушсифати ғизоӣ таъмин менамояд.  Иншооти мазкур ба маблағи 1 миллиону 157 ҳазор сомонӣ қомат афрохта, ҳамчунин, шароит фароҳам омад, ки чанд нафар сокини шаҳрак бо ҷои кор ва музди меҳнат таъмин шавад.
Дар шаҳраки Шайдон, чанд иншооти дигар, аз қабили коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо таъмини даҳҳо ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, аз лиҳози санъати меъморӣ ба маркази шаҳрак ҳусни тоза бахшиданд.
Соҳибкор Абдусалом Қаҳҳоров, ки солҳост дар Федератсияи Русия кору фаъолият дорад, бо истифода аз имконоти фаровони соҳибкорӣ дар Ватан, дар маркази Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 215 ҳазор сомонӣ бозори замонавӣ бо тамоми шароити  кориву фароғатӣ бунёд кард, ки ҳоло аз ҷумлаи муваффақтарин марказҳои савдо дар ноҳияи Ашт маҳсуб мегардад. Ин соҳибкори муваффақ ният дорад, ба зудӣ боз як корхонаи истеҳсолӣ сохта, дар рушди иқтисодии диёраш нақши муассир гузорад.
- Дигар соҳибкорони ноҳия, назири Санъатҷон Ахмедов, Қафлон Расулзода, Шаҳзод Сидиқов дар партави сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи соҳибкорон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия саҳм гузоштанд, ки қобили дастгирист. Итминон дорам, ки дар соли 2018 корҳои созандагӣ вусъати бештар пайдо намуда, иншооти сохташаванда мувофиқи талаботи меъмории замони муосир бунёд хоҳанд шуд, -  изҳор дошт Саёдҷон Ғанизода.
Ҷовиди АШТӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 243

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед