logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Тавре ҳамасола шоҳидем, дар ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои муаззами миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».
Имрӯз маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат дар ҳолати рушду такомул қарор дошта, дар заминаи таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд. Муҳим аз ҳама унсурҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рушд ёфтанд ва дар заминаи онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид,  кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии сиёсати давлатӣ дониста шуд ва падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд.
Пешвои миллат дар Паём аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад».
Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андешаҳои номатлубу ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ қонун ниҳоят натиҷаи муфид ба бор овард ва барои бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва маросими азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ ва, инчунин, барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ  мусоидат карда, ба буҷети ҳар як оила сабукӣ овард.
Бинобар зарурати бамиёномада ва таклифу пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ба Қонуни зикршуда соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки онҳо барои такмили қонун ва пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо нигаронида шуданд. 
Имрӯз кишвари мо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Ин раванди босубот ҳар як шахси худогоҳу худшиноси кишварро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад. 
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 167

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед