Хабарҳо
Русия чор самти «иқтисоди рақамӣ»-ро муайян сохт
Kommersant.ru. Ҳукумати ФР нақшаи чорабиниҳои барномаи «иқтисоди рақамӣ» - ро аз рӯи чор самт тасдиқ намуд, ки барои татбиқи онҳо дар маҷмӯъ 522 миллиард рубл зарур аст.
Самтҳои муайянкарда ташаккули шароити ҳуқуқӣ барои ҷорисозӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар бозори молиявӣ, рушди технологияҳои ҳамакора (зеҳни сунъӣ, нейротехнологияҳо), коркарди консепсияи бунёд ва рушди шабакаҳои 5G, ташкили марказҳои миллӣ ва минтақавии вокуниш ба ҳодисаҳои компютерӣ ва кам кардани ҳиссаи истифодаи таҷҳизоти хориҷӣ аз ҷониби мақомоти давлатиро дар назар доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 261