Хабарҳо
ХАТЛОН. ДАСТОВАРДҲОИ ЯК КИТОБХОНА
Тайи солҳои охир дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат сатҳи дониши аҳли ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавон, беш аз пеш баландтар мегардад, ки дар он, бешубҳа, чун дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, китобхонаҳо низ нақши муҳим мебозанд.
Соли 2017 барои китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин аз ҳар ҷиҳат бобарору комёб буд. Тӯли соли гузашта дар китобхона 2866 чорабинии маърифатӣ баргузор гашта, ба 33 323 нафар хонанда хизмат расонда шуд. Ҷиҳати бароварда кардани эҳтиёҷоти муштариён бо адабиёти тозанашр барои китобхона 1115 нусха китоб дастрас гардид.
Тавре Қурбонгул Раҷабова, муовини директори китобхона, иброз дошт, соли гузашта бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи китоб озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронда шуда, 32 хонандаи фаъол бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Мақсад аз ташкили чунин озмунҳо ташвиқу тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург ва омӯзиши илмҳои муосир мебошад.
- Дар соли сипаришуда барои муассисаи мо аз яке дастовардҳо - ин зиёд намудани теъдоди китобҳои электронӣ дар шуъбаи автоматикунонӣ ва технологияи компютерӣ ба ҳисоб меравад, ки шумораи он аз 7000 ба 11 000 расонда шуд, - афзуд Қурбонгул Раҷабова.
Боиси тазаккур аст, ки китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар самти таъмини хонандагон бо китобҳои электронӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкории доимӣ ва пурсамар дорад.
Кароматулло РАҲМАТОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 260