фарҳанг
"ОШИ ПАЛАВ" - И ТОҶИКОН ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО
Соли сипаришуда дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. Дар ин раванд хидмати гурӯҳи корӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст.
- Фаъолияти мо мутобиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013 - 2020» аз соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби он то ба имрӯз номинатсияҳои «Чакан - санъати гулдӯзии тоҷикон», «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чавгон» ба ЮНЕСКО пешниҳод шуданд. Инчунин, «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» таҳия гашта, бо забонҳои русию англисӣ ба табъ расид, ки фарогири 515 унсур мебошад, - изҳор дошт Дилшод Раҳимов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот.
Ба гуфтаи мавсуф, интихоби ош дар натиҷаи омӯзишҳои тӯлонӣ сурат гирифтааст. Ҷараёни таҳияи номинатсияи оши палав шаш моҳ тӯл кашида, дар ин муддат гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва Ҳисор сафар карда, бо ошпазҳои ботаҷриба ҳамсуҳбат шуданд, донишҳои суннатии онҳоро омӯхта, ба қайд гирифтанд. Дар натиҷаи пажӯҳиш маълум гашт, ки тақрибан то 100 навъи ош маълум будааст.
Ҳар як халқу миллат навъҳои таоми дӯстдоштаи худро дорад, ки чун рамз пазируфта шудаанд. Чунончи, ҷопониҳо «суши» доранд, куриёиҳо «кимчи», қирғизҳо «бешбармоқ», арабҳою яҳудиҳо «фалофил», фаронсавиҳо «куарасант».
Бино ба гуфтаи ошпази моҳир Пӯлод Ахмедов, ки ошаш дар шаҳри Душанбе бо номи «Оши Пӯлод - ака» маъруф аст, палав дар байни мардуми тоҷик на танҳо хӯроки хушмазаву судманд, балки таоми хоси ҳамаи маъракаҳои мардум, таоми фарҳангофар ва муттаҳидкунанда аст. Оид ба оши палав дар байни мардум зарбулмасалу мақол, нақлу ривоятҳои ҷолиб зиёданд, ки аз маъруфияти ин таом дарак медиҳанд. Воқеан ҳам, дар адабиёти даврони истиқлол, бавижа осори шоирону нависандагони ин давра, ки оқибату шиканҷаҳои ҷанги шаҳрвандиро таҳаммул кардаанд, мафҳуми «Оши оштӣ» маъруф гашт, ки бо ёд кардани он дар зеҳни кас мафҳумҳои муқаддаси ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва таҳаммулпазирӣ низ якҷоя ҳувайдо мешаванд.
Б. САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2018 №: 8 Мутолиа карданд: 5546