logo

иқтисод

АШТ. ИСТЕҲСОЛИ НАМАК БО ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ

Дар болоравии иқтисодиёти ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳиссаи ҶСК «Кони намак» назаррас мебошад. Бо истеҳсоли маҳсулоти басо зарурии рӯзгори мардум  ҳам сатҳи зиндагии коргарони корхона беҳбудӣ меёбаду ҳам пардохти андози давлатӣ беҳтар мешавад. Соли гузашта ҶСК «Кони намак»  нисбат ба соли пешӣ қариб 75 тонна зиёд намак истеҳсол кард.

Дастури Сарвари давлат ҷиҳати  дар заминаи технологияи пешрафтаи муосир ба роҳ мондани истеҳсолот ва афзоиш бахшидани ҳаҷми моли содиротӣ дар ҶСК «Кони намак» марҳила ба марҳила татбиқ мешавад. Қаблан дар ин ҷо кор асосан дар фасли тобистону тирамоҳ ба роҳ монда шуда буд, акнун бо бунёди бинои нави замонавӣ ва ворид кардани хатҳои нави технологии пешқадам барои  ҷараёни кори истеҳсолӣ дар тамоми фасли сол шароит муҳайё гардид.
- Раванди истеҳсолӣ низ акнун бо бунёди бинои нав комилан дар заминаи  талаботи технологияи пешқадам ҷараён мегирад. Ҳоло оби шӯр тавассути лӯлаҳои махсус вориди корхона гашта, намаки сифатан баланди йоднокшудаи  ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад, - иброз медорад Машрабҷон Насриддинов, директори ҶСК «Кони намак». - Ҷорӣ кардани истеҳсолоти ҷадид бо такя ба технологияи замони муосир, ҳамчунин, имкон дод, ки 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди хуб таъмин шавад.  Иқтидори солонаи истеҳсолоти нав  20 ҳазор тонна намакро ташкил медиҳад.  Дар масъалаи фурӯши маҳсулот низ талошҳои мо самари хуб медиҳанд. Бо назардошти он, ки маҳсулоти «Кони намак» - и Ашт дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  хуб муаррифӣ шудааст, муштариёни доимии худро дорад. Намаки корхона ба шаҳру навоҳии вилоят, кишвар, ҳамчунин, ба Қирғизистон ва Афғонистон содирот мешавад.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2017», ки тобистони соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд, мутахассисон ба сифати намаки Ашт баҳои баланд доданд. Иштирокдорони намоишро халтачаҳои намак бо омезиши райҳон, шибит, сирпиёз, қаланфур ба ваҷд овард. Феълан дар ҶСК «Кони намак» намаки ошии йоднокшудаи  навъи «Экстра», намаки техникӣ барои корхонахои саноатӣ ва намак барои хӯроки чорво истеҳсол мешавад.
Бастубанд пурра автоматӣ шудааст. Баҳри рушди корхона тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки захираи намак дар ин ҷо басанда буда, ба садҳо сол мерасад, - мегӯяд Машрабҷон Насриддинов.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 908
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед