logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. СОЛИ ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲО ВА КАСБИ НУФУЗИ БЕШТАР

Муқаддимаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайванди амиқ ба вазъи ҷаҳони имрӯз дошт. Зимни ироаи Паём моҳияти «тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон» ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар доираи «…раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”» тавзеҳ дода шуд.
Истилоҳ ва ибораи «ҷанги сард» хосияти амиқи илмӣ - иҷтимоӣ дошта, дар оғози солҳои 2000 қарори махсуси СММ дар мавриди хатари ин навъи ҷанг қабул гашт ва он даҳшатноктар аз силоҳи қатли ом эътироф гардид. Ҳарчанд оғози ин ҷангро ба солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта мансуб медонанд, аммо гузашти вақт нишон дода истодааст, ки он дар чанд даҳсолаи охир шаклан дигар мешавад. Ба таври ихтисору маҷмӯӣ шинохти онро имрӯз коршиносону олимон чунин баҳогузорӣ кардаанд: «ғасби мафкура ва ба нобудӣ бурдани халқияту давлатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон…». Намуна ва натиҷаҳои онро аллакай аҳли башар шоҳид гашт, ки чи тавр намоишкорона баъзе халқҳои ғофилу ноогаҳро ба ин оташ мекашанд.
Тариқи мисолҳои мушаххас аз нооромиву низоъҳои соли 2017 ёдовар шудани Сарвари давлат маънои онро дорад, ки бояд ҳамватанони мо дар доираи ҷаҳонбинӣ ва донишҳои хос ҳақиқати аслии ин равандро дарк намоянд. Пӯшида нест, ки имрӯз талошҳои низоми сиёсатҳои якқутбаву чандқутбасозии ҷаҳон авзои сайёраро торафт тира месозанд. Ин низомҳо баръакс як омили ба вуҷуд омадани бенизомиҳо буда, манфиатҷӯиву сиёсатсозиҳои сунъӣ ба он оварда расондаанд, ки аллакай дар чанд «нуқтаи гарм», ҳамчун сарчашмаи бадбахтиҳои аҳли башар, эҳтимолияти сар задани бархӯрдҳои бузург ба амал омадааст.
Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ давлате шинохта мешавад, ки асрори пӯшида надорад. Сиёсати «дарҳои кушода» барои тамоми мамолики ҷаҳон, созмону ташкилотҳо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ шароиту имкон фароҳам овардааст, ки онҳо бо зиндагии мардуми тоҷик аз наздик ошно бошанд. Ин рӯҳияи демократии сиёсати феълӣ боис гаштааст, ки алҳол дар арсаву минбарҳои баланд садои Тоҷикистонро мешунаванд. Тасмимҳо ва пешниҳодоти Тоҷикистонро қабул менамоянд ва давлати моро дар симои Пешвои миллат чун як кишвари ташаббускор эътироф мекунанд. Мавқеи Тоҷикистон ҳамгироиву дӯстист ва ин нуктаро Пешвои миллат чунин баён доштанд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».
Тавре мебинем, муносиботи Тоҷикистон бо ҷаҳони беруна дар Паёми имсола аз чандин бахш иборат аст. Аммо, он чор нукта ниҳоят муҳим буданд ва аз баргузории чор ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ дар соли 2018 дар кишварамон мужда медоданд:
1. Пешвои миллат Тоҷикистонро кишваре муаррифӣ намуданд, ки «…бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир» ҳамкориҳои густурдаро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Ҳамин аст, ки моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез барпо хоҳад гашт.
2. Мушкилтарин ва муҳимтарин масъалаи ҳаёти башар дар имрӯзу оянда ин об аст ва дар робита ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор эътироф шудааст. Дар партави ин тасмимҳо имсол дар арафаи «…Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 - 2028 расман оғоз мегардад». Баргузории чандин конфронсу нишастҳои сатҳи баланд дар ин самт дар пойтахти кишварамон ба нақша гирифта шудаанд.
3. Дар Паём зикр гардид, ки «Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад». Тавре маълум аст, дар оғози соли 2018 Тоҷикистон раёсати имсолаи ИДМ - ро ба уҳда гирифт ва ташрифи роҳбарони давлатҳои ИДМ ба пойтахти Тоҷикистон дар назар аст.
4. Соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки воқеаи бузурги сиёсӣ - байналмилалӣ хоҳад буд.
Дар пасманзари ин ибтикорот метавон гуфт, ки соли 2018 барои Тоҷикистон соли вижа хоҳад буд. Зеро, мусаллам аст, ки кишвари мо ҳамчун мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бори дигар дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи
журналистикаи байналхалқии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 337

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед