logo

маориф

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ИЛМ АЗ ИСТЕҲСОЛОТ ДУР АСТ. ЧАРО?

Соли 2017 олимони Академияи илмҳои кишвар фаъолияти худро дар самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва  ҷамъиятшиносӣ, такмили сохтори муассисаҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва равнақ додани робитаҳои  байналмилалӣ равона намуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд, - зикр шуд зимни баргузории  ҷаласаи  солонаи Академияи илмҳои кишвар.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти академия, оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмию ташкилии академия ва вазифаҳо барои соли 2018  маърӯза намуд. Аз ҷумла гуфт, ки: «Дар соли 2017 - ум 170  китобу монография, маҷмӯаҳои илмии олимон  нашр гардид. Аз 1820 мақола 136 - тои он дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои ИДМ, 72 - то дар маҷаллаҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Ин муддат дар шӯроҳои  диссертатсионии  кишвар 19 рисолаи  докторӣ ва 151 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Кормандони академия бошанд, 3 рисолаи  докторӣ ва 14 рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд».
Дар ҷаласа, ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли сипаришуда олимони академия барои дастовардҳои илмиашон 16 патенти ҷумҳурӣ, 1 патенти ИМА  ва 3 қарори мусбат оид ба гирифтани патент ба даст оварданд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 12  коркарди олимон пешниҳод гардид.  
Бо вуҷуди ин, муассисаҳои илмии академия ба душвориҳо дучор гардиданд, ки асосан ба кам будани маоши кормандон, норасоии маблағ барои дастрас намудани маводи зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, маводи кимиёвӣ, ташкили  сафарҳои илмӣ вобастаанд. Ҷалби мутахассисони ҷавон  ва хатмкардагони  мактабҳои олӣ ба академия бо вуҷуди он ки дар соли 2017 нисбатан беҳтар гардид, боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло камбудии ҷиддӣ ин кам будани маҳсули кори баъзе  кормандони илмии муассисаҳои илмӣ ва бархе аз аъзои академия  ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар иқтисодиёти кишвар хеле кам ҷорӣ гардидани дастовардҳои илмии олимон мавриди нигаронии раёсати академия гардидааст.
- Ҳалли ин ва дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси  Маркази омӯзиши пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишвар, гузарондани таҳқиқот  доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таърихи миллати тоҷик, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, аз вазифаҳои асосии мо дар соли 2018 мебошанд, - гуфт дар хотима Ф. Раҳимӣ.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 266

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед