logo

номаҳо

МАН ҲАМ ФИРЕБ ХӮРДАМ

«Чу ман фиреб нахӯред» - и С.Давлатзодаро дар гӯшаи «Шаҳрванд» («Ҷумҳурият», 3 январи соли 2018) хондаму зарур шумурдам, ки оид ба ин масъала ҳатман бинависам. Эҳсос мекунам, ки агар масъала ҳалли дурусти худро наёбад, он минбаъд ба мушкилот бадал мегардад.

Ман ҳам чун муаллифи ин нома фиреб хӯрдам, дар хатсайри рақами 16. Ронанда марди пиронсол буду риши калони сафед дошт. Ӯ пули сесомониаи маро гирифту ду сомонӣ бақия дод. Яке аз он қалбакӣ буд. Албатта, нахуст ба серияҳои он назар кардам. Дар ҳар ду ҷониб – рост ва чап дар ин маврид тафовут вуҷуд надошт, аммо рақамҳо фарқ менамуданд. Дар ҷониби рост 2035971 ва дар ҷониби чап 7826482 навишта шуда буд. Хостам онро ба ронанда баргардонам, вале аз аҳли нишаст шарм доштам. Ба ҷуз ин, фикр намудам, ки ронандаи мӯйсафед ҳам мисли ман фиреб хӯрдаасту аз мусофире онро нафаҳмида гирифтааст. Ҳеҷ мумкин набуд, ки ин амалро ӯ қасдан раво дида бошад. Ба ин хулоса омадам, ки пулро барнагардонам ва ронандаро дар ҳолати ногувор нагузорам. Охир ӯ ҳам наметавонад, ки ба ҳар пул бодиққат бинигарад, ки рақамҳову серияҳо мувофиқат мекунанд ё не.
Аслан мо сари пули миллӣ, эҳтирому нигаҳдошти он бояд биандешем.
Бисёр мехостам, ки масъулон дар ин хусус тадбирандешӣ бикунанд. Чӣ бояд кард? Ин пурсиш посухи фавриро хоҳон мебошад ва низ масъалаи мазкур ҳалли дурусту саривақтиро талабгор аст.
Ҷ. АМИНЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 365

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед