logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Рушди соҳаи тандурустӣ  яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ  ба ҳисоб меравад.  Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  соҳа аҳамияти хосса дода шуд.
Дар  ноҳияи  Рашт  низ  ҷиҳати  солимӣ  ва  хубтару  беҳтар  ба  роҳ  мондани   хизматрасонии тиббӣ  ба  аҳолӣ  аҳамияти махсус зоҳир гардида, ҳамасола баҳри  рафъи камбудиву норасоиҳои  соҳа чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солиев соли 2017 дар ноҳия 83 муассисаи тандурустӣ фаъолият намуда, дар онҳо  843 нафар духтурон ба аҳолӣ хизмат расонданд. Хизматрасонӣ ва муоширати хуби табибон боис гардид, ки дар ин давра таваллуди хонагӣ  8 дарсад  кам гардид.
Соли сипаришуда дар беморхонаи марказии ноҳия маркази будубоши кӯдакони маъюб ва шуъбаи стоматологӣ аз таъмир бароварда шуда,  шароити хубтар барои хизматрасонии тиббӣ муҳайё гардид. Аз муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ бошад,  сохтмони бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Санги Малики Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ба анҷом расида, имрӯзҳо дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Ёдовар бояд шуд, ки коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ нақши муассир дошта, сол аз сол мушкилоти кадриро  дар муассисаҳои тиббии деҳот бартараф месозад.
- Ҳарчанд  имрӯз  баъзе камбудиҳо, аз  ҷумла  нарасидани мутахассисони  баландихтисос, техникаҳои санитарӣ ва дастгоҳи ренгенологӣ, барқарорсозии системаи гармидиҳии шуъбаҳои урологӣ, озмоишгоҳ, бемориҳои кӯдакона ва эҳёгарӣ ҷой доранд, вале гумон мекунам онҳо низ бартараф гардида, рӯз аз рӯз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад, – гуфт  Алимаҳмад Солиев.
Дилшод  АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 263

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед