logo

фарҳанг

ҲУНАР АЗ НУҚРАВУ ЗАР БЕҲ

Ӯро  дар коргоҳаш  машғули  тоқидӯзӣ дарёфтем. Бо  ин  ҳунараш  Гулбегим Шаҳмироваро  на  танҳо  дар  деҳа, балки  дар  қаламрави   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳам  мешиносанд. Тоқиҳои  хуштарҳу  шинами  ӯ  рӯзҳои  тӯйи  хонадоршавӣ  сари  наварӯсону домодшавандаҳоро зеб  медиҳанд.

- Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳунарманд тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд ва  таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Сарвари давлат, Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт сол аз сол бештар мегардад,- мегӯяд Гулбегим  Шаҳмирова.
 Аслан бонуи тоҷик аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар буд ва боиси  ифтихор  ҳам  аст, ки ҳунари волои зани тоҷикро оламиён эътироф намудаанд. Дар  замони истиқлолият, даврони  бозгашти  миллатамон  ба  асли  хеш  ба  ин  ҷанба таваҷҷуҳи  бештар  равона  шудааст. Далели  равшани  инро  мо  дар Паёми навбатии  Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии  кишвар мебинем. Сарвари  давлат рушди  ҳунарҳои  мардумиро  дар  баробари умдатарин  вазифаҳои  давлат  арзёбӣ  карда,  аз соли нав фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод  намуд. Албатта, ин иқдоми ояндасоз ба тавсеаи ҳунармандӣ дар маҳалҳо бетаъсир намемонад.
- Ҳанӯз хеле  ҷавон будам, ки - мегӯяд ӯ,- модарам ба ман бофандагӣ  ва муҳрабофиву тоқидӯзиро ёд дод. Дар он вақт ман ба модарам мегуфтам, бофандагӣ ва тоқидӯзӣ ба ман чӣ даркор, ман муаллима мешавам. Модарам дар ҷавоб мегуфт, ки муаллимиатро  касе  аз  ту  гирифтанӣ  нест, лекин  ҳунар  ҳам  омӯз, ки  ба  кор  ояд.
Аз соли 2005 ман ба тоқидӯзӣ ва бофандагӣ машғул шудам. Баъди ба нафақа баромаданам  пурра ба ҳунар рӯ овардам. Духтари хурдиам дар ин ҷода ёварам гардид. Ҳар ду то як поси шаб ба дӯхтани тоқӣ машғул шуда, дар як рӯз то се тоқӣ медӯхтем. Маҳсули  дастамон  дар  бозор  харидори  худро  зуд  пайдо  мекард.
Солҳост, ки ба дӯзандагӣ машғул ҳастам ва бо хоҳиши ҳамсоязанҳо духтарон ва келинҳояшонро ба шогирдӣ гирифтаму дар хонаам ба онҳо ҳунар меомӯзам. Ҳар ҳунарманд бояд дар ҳифзи ин пеша худро масъул донад, то ҳунарҳои мардумӣ аз вартаи нестшавӣ эмин монанд.
Гулбегим Шаҳмирова соли 2015 дар Фестивали байналмилалии ҳунарҳои бадеии халқии «Бозори ҳунар» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок кард. Инчунин, маҳсули дастонаш чун  намунаи  беҳтарини ҳунарҳои  мардумии  вилоят пешкаши тамошобинони  вилояти  Суғд  гардида, баҳои  баландро  гирифтанд.
- Дар оянда, ният дорам, коргоҳамро  васеъ карда, дар  заминаи он  сехи дӯзандагиро ташкил намуда, ҳамчунин, омӯзиши  ҳунари  тоқидӯзӣ,  дарздӯзӣ   ва  дӯхти   либосро  ҳам  ба роҳ монам, - мегӯяд ӯ.
 Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 330

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед