logo

фарҳанг

ОСОРХОНА. Рӯ ба рушд

Тавре ҳамагон шоҳидем, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо, ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани  онҳо, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Дар ин раванд бунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмиру тармими Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилояти Хатлон, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Мамнӯъгоҳи таърихӣ - фарҳангии «Ҳулбук», Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Осорхонаи таърихии Ҳисор тасдиқи ин гуфтаҳоянд.
Вале дар баробари ин, албатта, фаъолияти осорхонаҳо аз норасоиҳо, ба монанди норасоии мутахассисони соҳибкасб (осорхонашиносон), воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти намоишӣ ва амсоли инҳо орӣ нест.
Тавре коршиносон таъкид месозанд, пайвасти осорхона ва тамошогарон ба воситаи нигораҳо ба амал меояд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаро зарур аст, ки онҳоро бояд дар сатҳи баланди  илмию бадеӣ тартиб диҳанд, зеро он ба масъалаи рӯҳияи гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ иртибот мегирад.
Тоҷикистон барҳақ, кишвари биҳиштосост, диққат ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба он бештар шуда истодааст. Боиси ифтихормандист, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом кормандони осорхонаҳоро вазифадор менамояд, ки дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон ва таблиғу намоиши санъати волои ҳунармандӣ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро ба роҳ монанд. Таблиғи осори ниёгон ба воситаи ВАО ва буклетҳо, ташкили намоишҳои сайёр ба мавзеъҳои дурдасти кишвар аз манфиат дур нахоҳад буд.
Тадриҷан бояд биноҳои осорхонаҳои Тоҷикистон бо тарҳи миллӣ ороиш дода шаванд. Ҳар як осорхона  вобаста ба мазмуни фаъолиятнокӣ дорои рамзи худ гардад. Масалан, дар пештоқи бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Рӯдакии Панҷакент рамзи Саразми бостонӣ гузошта шудааст.
Бо риоя намудани чунин тарзи коргузорӣ фаъолияти касбии осорхонаҳо рушду нумӯи тоза пайдо намуда, барои тарбияи маънавии шаҳрвандон, ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ пурсамар хоҳад буд. Ҳамасола бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони осорхонаҳо низ зиёд гардида истодааст. Ин ғамхории бузург кормандони осорхонаҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят менамояд.
Фотима РОФИЕВА,    
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 279

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед