logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН. Халқе аз табори ҳунар

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки иқдоми саривақтию арзандаи истиқбол аст. Мукаррама Қаюмова, раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Миёна, дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва аҳамияти ин иқдоми наҷиб чунин ибрози андеша намуд:

- Шукрона мекунам, ки таҳти роҳбарии як шахси ғамхору меҳрубон ва хирадманду ободгаро Тоҷикистони азизи мо зина ба зина дар роҳи рушди соҳаҳои гуногун қадамҳои устувор мегузорад ва зиндагии сокинони кишвар рӯз то рӯз беҳтар мешавад. Алҳол барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шароити созгор ва заминаи мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам омадааст. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи мазкур ба таври бояду шояд – мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ рушду нумӯ кунад. Аз андозу пардохтҳо озод намудани маҳсулоти ҳунармандӣ ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат дар ҳаққи ҳунармандон мебошад. Мо хурсандем, ки шуғли аҳолӣ, касбу ҳунар ва заҳмати ҳунармандон дар меҳвари  таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Дар навбати худ мо низ ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳо бояд бетараф набошем. Бо меҳнати ҳалол ҳунарҳои мардумии қадимиро аз нав эҳё намуда, маҳсули дасти худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ҳунармандӣ ва сайёҳӣ ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Бешубҳа, ҳар касе ба хориҷи кишвар  ба сафар меравад, ҳатман аз ҳамон давлат ягон армуғон бо худ мегирад. Дар баробари ин, меҳмонони хориҷӣ низ бо барги сабзи тоҷикӣ бармегарданд.
Айни ҳол Тоҷикистон бо аксари кулли давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон равобити дӯстона барқарор намудааст. Ман коршиноси байналмилалии ЮНЕСКО ҳастам ва дар чорабиниҳо, озмунҳо ва маъракаҳои сиёсию фарҳангии ин ташкилот иштирок карда, маҳсулоти рақобатпазирро муаррифӣ менамоям. Ба шарафи 25  - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ мо 25 номгӯи кори ҳунармандонро ба ин ташкилот пешниҳод намудем. Хушбахтона, аз ин 25 номгӯ 19 намуна  сазовори ҷоизаи минтақавӣ ва 4 намуна сазовори ҷоизаи ҷаҳонӣ гардид. Инҳо сӯзанӣ, заргарӣ ва наққошиҳои тоҷикӣ  мебошанд. 422 ҳунарманди тоҷик бо маҳсули дасташон дар миқёси ҷаҳон шинохта шуда, 36 ҳунарманди ҷумҳурӣ бо шоҳҷоизаи ҷаҳонӣ сарфароз гардидаанд.
Тоҷикон аслан мардуми ҳунарманданд.  Бисёр муҳим аст, ки анъанаи суннатии устодию шогирдӣ аз байн наравад ва ҳунармандони асил касби худро бо тамоми нозукӣ ба шогирдон ёд диҳанд.
Рушди комили ҳунармандӣ, ки барои он бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити созгор фароҳам омад, ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан бонувон, мувофиқат мекунад. Итминон дорам, ки ин соҳа боз ҳам хубтар рушд меёбад. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 311

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед