иқтисод
СУҒД. Саҳми саноат 50 дарсад
Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят, иброз дошт, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешгирии хавфи эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дар самтҳои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, идомаи таҷдиди сохтори кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои боир, бунёди мавзеъҳои нави аҳолинишин, барқарорсозии роҳҳо, таҷдиди шабакаҳои обу барқтаъминкунӣ, сохтмони биною иншооти иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гашта, самари дилхоҳ ба бор оварданд.
Соли гузашта дар вилоят 84 корхонаву коргоҳҳои нав бо таъсиси 1479 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Бунёд шудани минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол ва бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз кардани Комбинати металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металл бо ҷалби 57 миллион доллари амрикоӣ рӯйдодҳои муҳими иқтисодӣ маҳсуб меёбанд. Кушодашавии навбати дувуми корхонаи истеҳсолии халтаҳои полипропилении «Суғд Пак» ва бунёди гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо истифода аз усули муосир дар заминаи ширкати «Элегант» ва ҶДММ « Фарм Суғд» дар шаҳри Бӯстон ба афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат карда, ба раванди диверсификатсияи истеҳсолоти саноатии вилоят заминаи мустаҳкам гузошт.
Бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ саҳми соҳаи саноати вилоят дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 50 дарсадро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,9 миллиард сомонӣ расонда, суръати рушд ба 31,5 дарсад баробар шуд. Дастури Сарвари давлат ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар қаламрави вилоят марҳила ба марҳила татбиқи худро ёфта, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон ва сарулибос афзоиш ёфт.
Аз нақша зиёд пахта, ғалла, сабзавот, мева ва полизӣ истеҳсол шуд. Кишоварзони вилоят дар маҷмӯъ ба маблағи 7,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли пешӣ 7 дарсад зиёд аст.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзун кардани муваффақиятҳо ба роҳбарони идораю корхонаҳо ва раисони шаҳру навоҳии вилоят супоришҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2018 №: 9 Мутолиа карданд: 558