Хабарҳо
Занҳо ба Арабистони Саудӣ танҳо рафта метавонанд
Khaleej Times. Арабистони Саудӣ ба занҳои аз 25 - сола боло барои бе ҳамроҳии мард сафар кардан раводиддиҳиро оғоз месозад.
Қаблан занҳо ба шоҳигарӣ бе мушояати аъзои марди оилаашон ҳуқуқи вуруд надоштанд. Акнун ин қоида танҳо ба занҳои аз 25 - сола хурдтар дахл мекунад.
Тибқи маълумот, раводиди яккарата тӯли 30 рӯз қурб хоҳад дошт. Интизор меравад, ки қоидаҳои нав дар семоҳаи якуми соли равон мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 182