logo

мулоқотҳо

Хонум Мишлин Калми Рей дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

6 октябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишлин Калми Рейро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон омода аст барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Швейтсария дар ҳамаи бахшҳо - сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тамоми кӯшиши лозимаро ба харҷ диҳад».
Хонум Мишлин Калми Рей изҳор дошт, ки «Швейтсария ҳам кишвари болооб мебошад ва омода аст, ки ба Тоҷикистон дар муҳокима ва ҳалли масоили баҳсталаби обӣ дар минтақа кӯмак расонад».
Изҳори боварӣ шуд, ки Швейтсария соли оянда дар ташкил ва гузарондани Конфронси байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Хонум Мишлин Калми Рей ҳамчунин таъкид дошт, ки Швейтсария фаъолияти худро баҳри намояндагӣ  ва пуштибонӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат, минбаъд низ идома ва густариш хоҳад дод.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 566

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед