logo

иҷтимоиёт

ПАНҶ. ОБРАСОНҲО СОҲИБИ ҶОИЗА ШУДАНД

Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии (КДФО) ноҳияи Панҷ барои татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаи «Такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон» сазовори ҷоизаи «Лоиҳаи беҳтарини JICA дар Осиёи Миёна» гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи «Серена» - и пойтахт баргузор шуд.
Созишнома оид ба татбиқи лоиҳа байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон 27 июни соли 2014 ба имзо расида буд. Татбиқи лоиҳа, ки сохтмон ва васлкунии хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ, сохтмони бинои маъмурии корхона, бунёди биноҳои безараргардонӣ, манораҳои обфишор бо ҳаҷми 1800 метри мукааб дар шаҳраки Панҷ ва 250 метри мукааб дар маҳаллаи Сармантой, кандани 6 чоҳи амудӣ дар шаҳраки Панҷ ва маҳаллаи Сармантойро фаро мегирифт, бо ҷалби 15,5 миллион доллари ИМА моҳи январи соли 2015 оғоз ёфт.
Дар доираи лоиҳа 94,6 км хати обгузар  азнавсозӣ ва дар маҳаллаи Сармантой хатҳои обгузари системаи обтаъминкунӣ васл карда шуданд.
- Самари татбиқи лоиҳа аллакай хуб эҳсос мешавад. Шумораи муштариён то амалишавии лоиҳа 1929 нафар буда, муштариён обро бе ҳисобкунак истифода мебурданд. Пас аз амалишавии лоиҳа шумораи истифодабарандагон ба 5000 расид. Ҳамаи муштариён бо обҳисобкунак таъминанд. Назоратчиён маблағи истфодаи обро бе мушкилӣ ҷамъоварӣ менамоянд, - гуфт Асомиддин Асламов, директори КДФО – и ноҳияи Панҷ.
Аз тарафи мушовирони лоиҳа дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба мушкилӣ ба назораткунандагон тавсияҳои техникӣ дода мешавад. Тибқи дастурамал корхона шабонарӯзӣ  фаъолият намуда, сокинони 4700 хоҷагӣ дар шаҳраки Панҷ ва 2000 хоҷагӣ дар маҳаллаи Сармантойро бо оби тозаи нӯшокӣ бе танаффус таъмин менамояд. Барои бехатарӣ ва беҳтар нигоҳ доштани низоми обтаъминкунӣ ҳамарӯза таркиби оби нӯшокӣ аз ҷониби нозирон бо таҷҳизоти ҳозиразамони электронӣ санҷида, безараргардонии об, бехатарии экологӣ ва нигоҳдории ҳаҷми муайяни хлор назорат карда мешавад. Тибқи нақша, дар оянда кори  муҳосиботи  корхона  пурра ба системаи электронӣ мегузарад.
- Дар баробари ин, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон барои фаъолияти муназзами системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, татбиқи лоиҳаи «Системаи идоракунии ҳамкориҳои техникӣ барои кор бо таҷҳизоти насбшуда» оғоз гардидааст, - гуфт А. Асламов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 254

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед