logo

иҷтимоиёт

ДАР ПАЙИ ШУКУФОИИ ДИЁР

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолиятро дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, соли 2017 - ро бо як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти мамлакат, Стратегияи миллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мавқеи меҳварӣ доштанд.
Нақшаи даромадҳои давлатӣ дар маҷмӯъ 4 миллиону 638 ҳазор сомониро дар бар гирифта, ба андозаи 102 дарсад иҷро гардид.
Дар ноҳия 1399 субъекти соҳибкории фаъол ба қайд гирифта шудааст. Барои рушди соҳибкории хурду миёна дар доираи иҷрои дастури Сарвари давлат ба соҳибкорони ноҳия аз ҳисоби Барномаи шуғли аҳолӣ ба маблағи беш аз 190 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Ҳамчунин, барои фаъолияти бомароми соҳибкорон соли гузашта ба онҳо аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва муассисаҳои хурди қарздиҳӣ 2 миллиону 197 ҳазору 467  сомонӣ ҷудо гардид.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ  дар қиёс ба соли пешӣ 3,4  миллион сомонӣ афзуда, 131,3 миллион сомониро ташкил дод. Картошкакорӣ бахши муҳим ва афзалиятноки  соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад. Соли гузашта бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бобати рушди картошкакорӣ майдони кишти он ба 1000 гектар расонда (назар ба соли гузашта 42 гектар зиёд), 21 ҳазору 923 тонна картошка истеҳсол карда шуд.
Дар майдони 19,2 гектар боғи нав бунёд ёфт, ки аз ин 1,2 гектарашро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23 дарсад зиёд гардида, 3 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил намуд.  Соли 2017 коргоҳҳои нави саноатии атласу адрасбофӣ ва либосдӯзӣ ба кор шурӯъ намуданд.
Дар ноҳия 43 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 9400 хонанда фаъолият дорад. Дар онҳо 586 омӯзгор, аз ҷумла 363 нафар бо маълумоти олӣ, машғули кор мебошанд. Дар интиҳои соли хониши гузашта 218 хатмкунандаи синфи 11  (аз 335 нафар) аз қайди маркази миллии тестӣ гузашта, 152 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардиданд, ки нисбат ба соли пеш 49 нафар зиёд мебошад. Соли сипаригашта тибқи Квотаи президентӣ 21 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил шуд.
Дар ноҳия чор шифохона, 5 маркази саломатӣ ва 21 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Таъмири асосии бинои маъмурии беморхонаи марказии ноҳия, қисмати берунии шуъбаи бемориҳои даруна ва беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ширинчашма ба анҷом расид. Соҳибкорони маҳаллӣ шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияро пурра таъмир карда, ба истифода доданд.
Сохтмончиён ба маблағи 4 миллиону 504 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети  маҳаллӣ ба андозаи 354 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмону васлгариро ба иҷро расонданд. Сохтмони бинои маъмурии суди ноҳия, таъмири беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ширинчашма ва муассисаи таълимии рақами 10 идома дорад.
Мутаассифона, дар қатори комёбиҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ назар ба нақша камтар маблағ ворид шудааст. Ҳосилнокии заминҳои кишт ҳанӯз кам аст. Соли 2011 дар деҳаи Нӯшори Боло якумин корхонаи саноатӣ - заводи хишт бо иқтидори 2,5 миллион дона дар як сол бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд ва беш аз 30 коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Аммо аз сабаби дуруст ба роҳ намондани кор корхона муфлис гардида, фаъолият надорад. Бинои касалхонаи марказии ноҳия куҳнаю фарсуда гардида, зарурати сохтмони бинои наву ҳозиразамон пеш омадааст. Норасоии кадрҳои баландихтисос, хусусан дар соҳаи нигоҳдории  тандурустӣ, эҳсос мешавад.
Мо дар оғози роҳи сиёсати нави давлат ва бартараф  намудани монеаҳои зиёди зиндагии мардуми хеш қарор дорем.
Бовари комил дорам, ки бо дастгирию пуштибонии мардуми сарбаланди ноҳия пешрафту тараққиёт ва ободию шукуфоии диёри азизамонро таъмин карда, шароити зиндагии арзандаро фароҳам меоварем.
Нодираи МАҲМАДИСО,
раиси ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 264

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед