logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо ашхоси воломақом

6 октябр дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷиро, ки барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот бо ноиби раиси Девони вақфи шиаи Ироқ Алӣ ал – Хатиб ва ҳайати ин кишвар масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду мамлакати дорои муштаракоти зиёди фарҳангӣ баррасӣ шуданд.

Алӣ ал-Хатиб ба андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳлӯҳои гуногуни осор ва таълимоти баркамоли Имоми Аъзам, ки дар суханрониаш дар рӯзи аввали симпозиум баён гашта буданд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ «ҳанӯз ҳам зери таассуроти неку фараҳбахш аз ин суханронӣ қарор дорад».
ӯ ҳамчунин аз фазои амну субот дар кишвари мо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки «Ироқ ба омӯзиш ва ибратбардорӣ аз сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон ва таҷрибаи сулҳофарии он барои худ ниёзманд аст».
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба ин дархост изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст баҳри истиқрори сулҳу созиш дар Ироқ ҳама донишу таҷриба ва имкону захираҳои худро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.
Ҳайати Ироқ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба кишвари онҳо ташриф баранд то оромгоҳи Имоми Аъзамро зиёрат намуда, ба роҳандозии ҳамкории барои ҳар ду давлат судманд заминагузорӣ кунанд.
Дар сӯҳбат бо роҳбари кулли Фонди “Ким се юк ми”-и Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Узкара масоили ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстӣ баррасӣ шуданд.
 Меҳмет Узкара иттилоъ дод, ки барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  фонди мазкур суратҳисоби алоҳида кушода буд ва 350 ҳазор доллари амрикоии дар он ҷамъшударо ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ин маблағ дар сохтмони мактаб дар маҳаллаи нави барои зарардидагон бунёдёбанда равона мегардад.
Меҳмет Узкара иттилоъ дод, ки фонди мазкур пештар ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ ба ин зарардидагон маводи хӯрока фиристода буд ва омодагии худро баҳри ҳамкории минбаъда ва кӯмак ба корҳои созандагӣ низ таъкид намуд.
Мусоҳибон ҳамчунин аз ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла баҳри омӯзишу пайравӣ аз таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Имоми Аъзам изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъди анҷоми Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Имоми Акбари Донишгоҳи ал-Азҳари Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ва шайх Муҳаммад Тантовӣ оид ба ҷараён ва паёмадҳои мунтазираи ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба шакли кӯтоҳ ҳамоишро «як анҷумани адлу инсоф, ҳимоя аз аъмоли ҳақ ва эҳёи хотираи неку таълимоти омӯзандаи шахсиятҳои бузурги гузашта» арзёбӣ намуд.
Ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҳёи арзишҳои волои бостонии худ, аз ҷумла 5 маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гаштани Қуръони Карим ва ҷорӣ намудани таълими алифбои ниёгон дар мактабҳо баҳои баланд дода шуд.
Шайх Муҳаммад Тантовӣ бори дигар таъкид намуд, ки Донишгоҳи ал-Азҳар омода аст барои омӯзондани кадрҳои муассисоти таълими  динӣ ва дунявии Тоҷикистон ҳамаи имконоти худро дастрас намояд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари иҷроияи Созмони умури исломӣ ва вақфҳои Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Убайд Рошид ал-Мазруиро ба ҳузур пазируфта, оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар мубодилаи судманди афкор анҷом дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 481

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед