logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. АЗ КОМЁБИҲОИ ЯК МАКТАБ

Соли 2017 дастпарварони муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда, 70 медали тилло, 45 нуқра ва 36 биринҷӣ, дар маҷмӯъ 151 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли  2016  39 медал  зиёд  мебошад.

Бино ба гуфтаи  Рустам Давлатшоев, директори муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон,  дар мактаби маҳорати олии варзишӣ 19 мураббӣ аз рӯи 14 намуди варзиш ба 215 нафар машқу тамрин медиҳанд. Соли гузашта муассиса як қатор мусобиқаҳои варзишӣ ва вохӯриҳои рафиқонаро бо иштироки дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯйи намудҳои бадминтон, варзиши сабук, вазнбардорӣ, гӯштии  миллӣ, дзюдо, самбо, волейбол, футбол, таэквон-до ва дастхобонӣ  баргузор намуд.
Боиси зикр аст, ки соли сипаригашта варзишгарони муассиса на танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, Азиза  Азизова  дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Тошканд ва Умед Муҳиддинов дар зӯрозмоиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо байни ҷавонон дар Ҷумҳурии Сербия соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Ҳамчунин, варзишгарон Илҳом Шукуров, Баҳриддин Нуриддинов, Комил Ҷурабоев ва Акмал Яқубов дар зӯрозмоиҳои байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ мутаносибан ҷойҳои якум, дувум ва сеюмро ишғол карданд.  Фирӯз Ашӯров бошад, дар Чемпионати Осиё оид ба кикбоксинг (К 1), ки дар шаҳри Алмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, сазовори медали тилло гашт. Дар маҷмӯъ дастпарварони мактаби варзишӣ дар мусобиқаҳои  байналмилалӣ 9  медал (4 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Кароматулло  РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 212

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед