logo

фарҳанг

НИЁЗ. АЗ БОБИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар пешрафти ҷомеаи мо нақши калидӣ дошта, маонии созанда ва аносири пураҳамияту гуногунҷанбаро дар худ нигоҳ медорад. Махсусан, пайванд додани қишрҳои муҳими ҷомеа ба ҳар соли ҷадид анъанаи хосси Паёми Пешвои миллат гардидааст, ки басо рамзӣ ва корсоз аст. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон, ки осебпазирии қишри мазкур дар замони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ бештар эҳсос мегардад, саривақтӣ буд. Инчунин, дар давоми соли сипарӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти моддиву маънавии ҷавонон пешрафти бесобиқа ба амал омад, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем. Ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ асосҳоеанд, ки ҳамеша бояд дар маркази диққати ҷавонони мо қарор дошта бошанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин омилҳои устувории давлат Соли ҷавонон таҳрикдиҳанда ва ҳисси бедорие буд дар ин самт.
Чуноне мо шоҳид гаштем, Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ матлаи суханро мустақиман аз вазъи хатарнок ва ваҳими сайёра шурӯъ намуданд. Ба он маънӣ, ки олами башарӣ имрӯз дар гирдобу талотумҳои амалҳои зиддиинсонӣ месӯзад ва бино ба таъкиди Пешвои миллат дар соли сипарӣ “...зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт”, ки дарвоқеъ моро ором ва бетафовут гузошта наметавонад. Ва шоҳиди онем, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт бетараф нест ва ҳамеша мавқеи муайян ва одилонаи  худро дар минбарҳои  баланди   ҷаҳонӣ   чун Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  ва  ғайра баръало нишон медиҳад. Мафҳумҳои муносиботи инсонӣ, ёрии ҳамдигарии башардӯстона, табодули афкору таҷоруб ва ҳамкории судманд миёни кишварҳо, сарфи назар аз миллату нажоду қавмиятҳо ва гароишҳои мазҳабӣ, дар Паём мунсифона дарҷ гардидаанд. Назар ба принсипҳо ва шеваҳои ногузири ҳаётӣ, инсоният бидуни мададу дастгирии якдигар аз ҳастии худ дарак дода наметавонад. Махсусан, ин масъала дар бархӯрд бо падидаҳои номатлуби замон, аз қабили терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, аҳамияти бештар касб мекунад. Бояд гуфт, ки сухани ҷомеи Пешвои миллат ба ин паҳлуи масъала низ дахл мекунад. “Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”.
Паёми Пешвои миллат бо аҳамият зоҳир намудан ба чанд аносир, аз қабили сиёсат, амният, иқтисод хулоса намешавад, балки ҷанбаҳои ҳамгироӣ ва инсондӯстиву ғамхориро низ дар худ касб намудааст. Масалан, таваҷҷуҳ ба масъалаи рушди иқтисодиву амниятии кишвари ҳамсоя - Афғонистон ва барои саҳим гаштан ба ин қазия даъват ба амал овардан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, гувоҳи ин андеша мебошад. “Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд ”.
Фаромӯш набояд кард, ки мо дар раванди ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем. Воқеияти ҷаҳонишавӣ умдатан натиҷаи таҳаввулоти технологӣ ва бавижа технологияи электронӣ аст. Албатта, дар ин миён авомили дигаре низ вуҷуд доранд. Дар дунё гурӯҳҳо ва давлатҳое мавҷуданд, ки мекӯшанд таҳаввулоти мазкурро дар чорчӯбаи манофеъ ва масолеҳи худ шакл бидиҳанд. Онҳо он навъи ҷаҳонишавиеро мехоҳанд, ки ба ҳадафҳои иқтисод, махсусан фарҳангиашон мусоидати ҳамаҷониба карда тавонад. Ба ин паҳлуи масъала Пешвои миллат аҳамияти ҷиддӣ дода, изҳор намуданд: “Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд”. Ин таъкиди Пешвои миллат бештар ба солимгардонӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии кишвар дахл мекунад. Воқеан, фазои иттилоотии кишвари моро иттилооти аҷнабӣ рӯз аз рӯз бештар таҳдид мекунад, ки ин раванд масъулияти аҳли ҷомеаро бояд бештар гардонад.
Қадриддин ИСОЕВ,
ходими илмии шуъбаи  ахбори омма ва
табъу нашри  Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 233

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед