logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР АФЗОИШИ НУФУЗИ МИЛЛАТ

Эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан, сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин, эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад. Зеро бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХХ табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».

Муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба наврасону ҷавонон ва боло  бурдани эҳсоси эҳтиром ба онҳо иҷрои кори зиёдеро талаб намекунад. Яке аз роҳҳои омӯзиш ин ҳар чи бештар ҷалби ҳунармандони мардумӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва дар ҳамкорӣ ба онҳо омӯзондани ҳунарҳо мебошад. Зеро ҳар як деҳа ҳунармандони мардумӣ дорад ва фарзандону пайвандони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд. Бояд наврасону ҷавононро бо коргоҳи ҳунарии онҳо аз наздик шинос бинамоем, ки тавассути дарсҳои кушоди фанни технологияи касбу ҳунар нозукиҳои ҳунарҳои хешро муаррифӣ созанд. Инчунин, маҳсули дасти онҳоро дар осорхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ба намоиш гузорем.
Аз тарафи дигар, барои тарбияи зебоипарастӣ ва касбомӯзӣ метавон гӯшаҳои кашидадӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, рӯзгордорӣ ва дигар намудҳои ҳунарро ташкил намоем.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба асосҳои инсонпарваронаи ҳунарҳои қадима ва ғояҳои навсозии он бояд такя бикунем. Онҳое, ки аз фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ хабар надоранд, тааҷҷуб менамоянд, ки дар замони таҳаввули технология чаро мо ба ҳунарҳои мардумӣ ин қадар таваҷҷуҳ менамоем. Ин ҷо ягон сир вуҷуд надорад. Зеро бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо ҳунарҳои мардумӣ бо рангу ҷилои нав эҳё мешаванд, балки бо чопи мақолаҳо, филмҳо, намоишномаҳо, мулоқотҳо ва мусоҳибаҳо бо ҳунармандони мардумӣ, ҷавононро бо фарҳанги гузаштаю имрӯзаи ҳунарҳои мардумӣ сафарбар менамоем.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дар ташаккул ва барқарор сохтани шуури нави таърихию фарҳангии ҷомеа дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра инсонпарварона мебошад, зеро ба ин васила мо ҳунармандони номдори гузаштаи худро ба ёд оварда, ҳунарҳои онҳоро бори дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳем ва ба ҷаҳониён низ муаррифӣ менамоем.
Зафар ОЧИЛОВ, директори         
муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №16 - и ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 639

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед