logo

фарҳанг

ПАЁМ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР АСТ!

Дар низоми давлатдории муосири тоҷикон Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дорои афзалиятҳои давлатдории миллӣ шинохта шудааст.

Аз ҳамин дидгоҳ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки моҳиятан дастури сабақомӯз ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон аст, мардуми шарафманди тоҷикро вориди боз як марҳалаи нави рушд хоҳад кард. Бешак, мо аз Паём то Паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназирем, ки дар маҷмӯъ ба раванди рушди бонизоми кишвар таъсири мусбат гузоштаанд. Сиёсати бобарори дохилӣ, роҳандозии робитаҳои  мутавозини хориҷӣ, ки тарҳи аслии онҳо аз нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, сол ба сол нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад.
Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ, аз мавзӯъҳои калидие ба шумор мераванд, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат  мавқеи  хос доранд. Дар ин замина ба манзури таҳкими низоми ҳуқуқиву судӣ се барномаи ислоҳот ва як қатор санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд. Татбиқи босамари барномаи ислоҳот тавонист, ки  дар шаклгирии низоми боадолати судӣ, мустаҳкам гардидани сохтор, ҳалли масоили иҷтимоии он, тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ заминаи воқеӣ гузорад. Зеро бо фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ мавқеъ ва нақши низоми судии кишварамон боло рафта, дар маҷмӯъ як марҳалаи сифатан навро дар таърихи ҳокимияти судии кишвар ташаккул бахшид.
Мо, кормандони ҷавони мақомоти судии кишвар, аз он сарфарозем, ки дар партави сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша аз имтиёзу дастгириҳои зиёд бархӯрдорем. Тавре маълум аст, дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт, институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ созмон ёфта, ба ҳузури васеи ҷавонон дар умури давлатдорӣ мусоидат намуданд.
Айни ҳол дар баробари дигар соҳаҳо нақши ҷавонон дар пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла судҳо, низ назаррас мебошад. Дар зарфи як соли охир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба вазифаи судягӣ таъйин гардидани беш аз 60 нафар кадрҳои ҷавон, ки дорои таҷрибаи корӣ ва маҳорати хуби касбӣ мебошанд, далели ин гуфтаҳост. Дар мақомоти судии кишвар, аз ҷумла Суди Олии иқтисодӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии кадрҳои ҷавон ва нақши онҳо дар таҳкими фаъолияти мақомот авлавият дода мешавад. Аз ҷумла, кормандон ва судяҳои ҷавон мунтазам ба курсҳои омӯзишии  такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд, ки ба нафъи кор аст. Зеро давраҳои омӯзишӣ  дар баланд бардоштани малакаю дониши касбии кормандони ҷавон такони тоза бахшида, ба таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асоснок, омодасозии ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ мусоидат менамояд.
Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони мақомоти судии кишвар, бахусус кормандони ҷавони соҳа, фаъолияти хизматии худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар таъмини адолати судӣ, пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон мегузоранд.

Фаррух ВАЛИЗОДА, мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 215

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед