logo

иҷтимоиёт

РӮДАКӢ. ПАЁМ РАҲНАМОИ ОБОДӢ ВА ОСУДАГИСТ

Дар толори Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони деҳот вобаста ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардид.
Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки аз олимону устодон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иборат буд, якҷо бо ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигарбора мавриди баррасӣ қарор доранд.
Хайрулло Суфиев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро оид ба муҳимтарин нуктаҳои Паём, аз ҷумла ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, зарурати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, вазъи воқеии ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, тавсеаи фаъолияти дорусозӣ, баён дошт.
- Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳуриро фаро гирифтааст ва он воқеан як дастурамали омӯзишию корбарӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Мақсади Роҳбари давлат он аст, ки соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёти кишвар боз ҳам бештар рушд намоянд. Бубинед, ки қатъи назар аз буҳрони молиявӣ, маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз 1 - уми сентябр боло бурда мешавад. Инчунин, махсусан таъкид бояд кард, ки соҳаи энергетикаи кишвар беҳтар шудааст, чунки имрӯз мо шабонарӯзӣ қувваи барқ дорем, - гуфт Х. Суфиев.
Инчунин, дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷгардидаро пурра омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани  онҳо саҳм гузорем. Танҳо дар ин сурат мо худро соҳибватану миллатдӯст ном бурда метавонем. Пешниҳодҳои Паёми имсола баҳри ободии кишвар ва осудагии сокинони он равона гардидаанд. Бо амалисозии ин дастуру ҳидоятҳо барои  мардум заминаи воқеии зиндагии шоиста бештар фароҳам мегардад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 179

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед