logo

Хабарҳо

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, нимаи дувуми соли равон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли велосипед ва бозичаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Тавре аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иттилоъ доданд, коргоҳи мазкур аз тарафи ҶСК «Корхонаи механиконидашудаи сайёр»-и Хуҷанд бо маблағгузории зиёда аз 2 миллион доллари ИМА бунёд хоҳад гашт. Дар он қариб сад ҷойи кории нав таъсис ёфта, истеҳсоли даҳ номгӯй маҳсулот ба роҳ монда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки айни ҳол дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 24 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта дар ин ҷо ба маблағи зиёда аз 84 миллион  сомонӣ  маҳсулот  истеҳсол  шуд.  Маврид ба ёдоварист, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бори нахуст ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ афзуда, бино ба маълумоти расмӣ ба 12,5 миллион сомонӣ расид. Феълан, маҳсулоти минтақа, ки зери тамғаи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» тавлид мегардад, ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон содирот мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 375

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед