logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. БУНЁДУ НАВСОЗИИ БИНОҲОИ ТАЪЛИМӢ АВЛАВИЯТ ДОРАНД

Соли гузашта барои сокинони ноҳияи Нуробод соли бобарору хотирмон буд. Зеро дар давоми сол корҳои ободониву созандагӣ вусъати нав пайдо карда, иншооти таъйиноташон гуногун сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия симои нав бахшиданд. Дар бахши корҳои сохтмонӣ ба бунёду навсозии биноҳои таълимӣ авлавияти бештар дода шуд.
 
Тавре Маҳмадроиб Шоев, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия, дар суҳбат гуфт, соли сипаришуда дар 24 иншоот, ки аз тарафи вазорату кумитаҳо бо маблағи 27 миллиону 696 ҳазору 122 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, маблағи 21 миллиону 119 ҳазору 694 сомониаш аз худ карда шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо маблағи наздик ба 22 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Айни замон, дар 48 иншооте, ки бо маблағи 16 миллиону 751 ҳазору 600 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба нақша гирифта шудааст, корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар давоми сол аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Қумбаки Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов барои 80 хонанда бо маблағи 344,6 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи аҳли ҷамоатчигии деҳаи Деҳи куҳнаи ҷамоати мазкур бо дастгирии соҳибкор Сайвалӣ Саидов муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бо маблағи 144,2 ҳазор сомонӣ барои 80 хонанда сохта ба истифода дода шуданд. Дар назди муассисаҳои № 11, 26, 34, 41, 42, 47, 76, 77 ва 85 бошад, бо дастгирии волидон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 18 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, мушкили норасоии ҷойи нишаст то андозае ҳалли худро ёфт.
Феълан сокинони заҳматкаши ноҳия бо пуштибонӣ аз ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар пайи расидан ба мақсад ва ободсозии ноҳия дилгармона ва содиқона заҳмат мекашанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 313

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед