logo

фарҳанг

ГӮИШҲОИ МАРДУМИИ ТОҶИКОН ДАР "ШОҲНОМА"

Яке аз шоистагиҳои забони тоҷикӣ – форсӣ дар он аст, ки ин забон ҳазору чандсад сол аст, ки дигаргунии асосӣ наёфтааст ва ин нуктаро далел душворие надоштани фаҳми забони «Шоҳнома» барои тоҷикони имрӯза мебошад. Бояд донист,  ки на ҳама забонҳои ҷаҳон асолати худро нигаҳ дошта тавонистаанд. Ҳамон гуна, ки забонҳои англисӣ, олмонӣ, ё фаронсавӣ дар дарозои чандсадсол бад – он сон дигаргун шудаанд, ки забони адабиёти сесад – чаҳорсадсолаи онҳо ҷуз барои адибону донишмандони забоншинос, ба дигарон нофаҳмост.
Ба нобудӣ нарасидани забони тоҷикӣ (форсӣ) - ро бузургтарин санади гӯёву расои таърихӣ  «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ мебошад. Дар он рӯзгороне, ки бегонагон барои гулугир кардани забони зебову шевои тоҷикӣ даст ёзида буданд, Фирдавсӣ «Шоҳнома» - и ҷовидонаи худро офарида, дар 60 ҳазор байти он ба истиснои якчанд вомвожаҳои арабӣ, танҳо аз гӯишҳои ноби забонамон кор гирифт.
Забоншиносон яке аз шартҳои дар забони адабӣ ба кор бурдани вожаеро, бо ҷой доштанаш дар шеваи гӯиши мардумӣ ва ҳамзамон дар осори адибони пешина (классикӣ), муҳим донистаанд. Яъне агар вожае дар забони зиндаи мардум ва ҳамзамон дар забони адабиёти классикӣ ҷой дошта бошад, онро метавон дар забони адабӣ ба кор бурд. Бояд ёдовар шуд, ки забони адабии тоҷикӣ – форсие, ки ба он аз офаридаҳои бешумори адабиёти классикӣ ошноӣ дорем, бар пояи шеваҳои гуфтори Хуросон, Сиистон ва Вароруд ташаккул ёфтааст. Чуноне забоншиноси бузурги шӯравӣ И. М. Оранский навиштааст: «Зодаи Тӯси Хуросон, Фирдавсӣ ба он забоне гуфугӯ мекарду асар меофарид, ки Рӯдакӣ - таваллуд шудаи Панҷаканд ва бошандаи Бухоро бо ҳамон забон сухан меронду сухансароӣ мекард. Агар дар забони зиндаи тоҷикии (форсии) Бухоро ва Нишопур, Қубодиён ва Балх, Тӯс ва Шероз, Ҳирот ва Ғазна  тафовутҳои каму беш ба чашм ҳам бихӯранд, дар забони адабӣ дигаргуниҳо хеле ночизанд.» (И. М. Оранский, «Введение в иранскую филологию», Москва, 1988, с. 280 ).
Новобаста ба ночиз будани тафовутҳо дар забони адабии тоҷикӣ – форсӣ, бархе вожаҳои дар забони адабӣ аз корбурд афтодаро метавон дар яке аз шеваҳои гуфтори мардум пайдо кард ва ҷолиб он аст, ки бахше аз он вожаҳои аз ёд рафта, дар шоҳкори беҳамтое чун «Шоҳнома» ба чашм мерасанд.
Чунончи вожаи «алғов», ба маънои шӯру ғавғо дар гӯиши мардумони водии Кӯлоб ва як идда бошандагони қисмати ҷануби Тоҷикистон, ривоҷи густурда дорад.  Дар «Шоҳнома» ба ин вожа дар шакли «ғав» дучор меоем:
Биёрост Гударзу бархост ғав,
Биёмад сипаҳбад, ҷаҳондори нав. (ҷ. III, с.362)

Ва ё: 
Аз овози аспону ғавви сипоҳ,
Ҳаме бар фалак роҳ гум кард шоҳ. (ҷ. III, с.410)

Гуфтан ба маврид аст, ки ин маънӣ, яъне  шӯру ғавғо дар гӯиши форсизабонони Афғонистон ба сурати «ғолмағол» ва дар гуфтори мардумони Эрон бо шакли «шулӯғ» ифода мегардад.
Дар бисёре аз шеваҳои гуфтори мардумони вилояти Суғд вожаи биринҷ, ба сурати «гурунҷ» ифода мегардад, ки дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ низ бо чунин баён омадааст:
Зи говони гардункашон чил ҳазор,
Гурунҷ оваранд, он ки ояд ба кор. (ҷ. IX, с.450)

Шоистаи ёдоварист, ки дар шеваи гуфтори қисмати шимоли Тоҷикистон тарзи кӯтоҳгаштаи феъл, ба гунаи «биёед - бед» (бед - бетон), дида мешавад, ки дар  «Шоҳнома» чунин шеваи кӯтоҳсозии феъл ба гунаи «бошед - бед», ба назар мерасад:
Ҳама дар паноҳи ҷаҳондор бед!
Хирадманд беду беозор бед! (ҷ. II, с.25)

Дар гӯиши мардуми Кӯлоб ва умуман, қисмати ҷануби Тоҷикистон як силсила таркибҳое роиҷанд, ки дар забони «Шоҳнома» зиёд ба чашм мехӯранд. Ба монанди таркиби «пову пар», ки барои баёни тавоноӣ ва аз даст додани он, хаставу монда шудан, ё аз по дарафтодан, медонанд:
Саропардаву хаймаҳо гашт тар,
Зи сармо касеро набуд пову пар. (ҷ. VI, с.238)

Таркиби «по ва пар», чун дар шеваи гуфтори тоҷикӣ, ба маънии неру низ омадааст:
На аспу силеҳу на пову на пар,
На ганҷу на солору на буму бар. (ҷ. V, с.181)

Дар «Шоҳнома» борҳо таркиби «соз кардан», пеши рӯ меояд,  ишора ба маънии дуруст кардан, ба тартиб даровардан, ки дар гӯиши тоҷикон ба он маънӣ фаровон ҷой дорад, вале дар форсии Эрон ба чунин ибора дучор намеоем:
Бибуд шоҳ чанде бар он размгоҳ,
Бад – он то кунад соз кори сипоҳ. (ҷ. VI, с.205)

Таркиби «сур кардан», ба маънии рондан, пеш кардан дар  «Шоҳнома», омадааст, ки дар гӯиши мардуми Кӯлоб ва қисмати ҷануби Тоҷикистон ривоҷ дорад:
Сипаҳро ба тир аз бараш дур кард,
Ҳаме гурги даррандаро сур кард. (ҷ. III, с.500)

Дар ин ҷо бояд ба назар гирифт, ки вожаи ҳаммонанди «сур», ки авастоӣ мебошад ва маънии хушнудӣ, зиёфат, арӯсӣ, ҷашнро дорад, аз нигоҳи реша ба таркиби «сур кардан» ҳеҷ пайвастагие надорад. Дар «Шоҳнома» вожаи «сур» ба ин маънӣ низ зиёд омадааст:
Замон чун туро аз ҷаҳон кард дур,
Пас аз ту ҷаҳонро чӣ мотам, чӣ сур.  

Ин нуктаро низ набояд аз дида дур дошт, ки дар Номаи бостон ба чандин вожаҳое метавон рӯ овард, ки дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ корбурди густурда доранд, вале дар забони форсии Эрон ба кор бурда намешаванд. Ба монанди вожаи «мӯза», ки имрӯз дар Эрон ба кор нарафта, ба ин маънӣ аз вомвожаи туркии «чакме» кор гирифта мешавад:
Яке ханҷар аз мӯза берун кашид,
Саропои ӯ чодари хун кашид. (ҷ. I, с.166)

Бад – ин сон вожаи «каш», дар таркиби «зери каш» (ё таги каш, яъне бағал), дар забони адабии форсии Эрон роиҷ нест, вале дар забони  «Шоҳнома» ва гӯишҳои гуногуни тоҷикӣ истифода мегардад:
Чаро гуфт нагрифтамаш зери каш,
Ҳаме бар камар сохтам панҷа баш. (ҷ. II, с.11)

Дар забони адабии тоҷикӣ вожаи «лой» роиҷ аст, ки  дар форсии Эрон ба ин маънӣ вожаи «гил»-ро ба кор мебаранд. Дар забони «Шоҳнома» калимаи «лой» дар баробари «гил» фаровон ба чашм мехӯрад:
Хӯриш бурд аз бими ҷон ҷой сохт,
Ба ғор андарун ҷой бо лой сохт. (ҷ. V, с.395)

Дар поёни ин дарёфтҳо баҷост ёдоварӣ шавад, ки забони тавонои тоҷикӣ (форсӣ) ҳазору дусад сол пештар аз забони англисӣ афзори гуфтору навиштори давлатдориву сухангустарӣ будааст ва чуноне мо дар ҷустори гузарои худ намунаҳо овардем, агар вожае дар гӯиши яке аз вилоятҳо аз кор афтода бошад, дар ҷойи дигар роиҷ аст. Ҳамин аст яке аз тобишҳои забони тоҷикӣ, ки нишонгари бузургиву тавонмандии он мебошад.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 575

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед