logo

иқтисод

2018. МАСЪУЛИЯТ БЕШТАР МЕШАВАД

Боиси сарфарозист, ки Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54 - уми Маҷмаи умумии СММ бори нахуст «Соли байналмилалии оби тоза» эълон доштани соли 2003 - ро пешниҳод намуданд, ки бо ҷонибдории кулли  давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа проблемаи об ба қатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои баррасӣ дар бахши якуми нақшаҳои кории СММ оид ба рушди устувор дар солҳои 2004 - 2005 пазируфта шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёди Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бесабаб нест. Зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки асоси рушди устуворро ташкил менамоянд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ – об, манбаи ҳаёт дар рӯи замин иртиботи қавӣ доранд.
Бо пешниҳоди Сарвари давлати мо  МУ СММ соли 2003 солҳои 2005 - 2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Ҳадафи асосии ин даҳсола мусоидат ба саъю талоши ҷомеаи башарӣ ба хотири то соли 2015 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об буд.
Раванди омӯзиши масъалаҳои рушди устувори захираҳои обӣ ва танзими онҳо таҳти назорати комиссияи СММ мавриди баррасии доимӣ қарор дорад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи  истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба манфиати наслҳои имрӯза ва ояндаи инсоният ҷомеаи ҷаҳониро то чӣ андоза ба ташвиш овардааст.
Сарфи назар аз муваффақияти бузург ва натиҷаҳои хуби ҷамъбасти ин даҳсола, масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи оқилонаи он ҳанӯз мушкилоти зиёде доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли онҳо ҳамчун проблемаи умдатарини ҷаҳон бояд таваҷҷуҳи бештар намояд. Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028) низ ҳамин аст.
Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» танзимкунандаи масъалаи таъминот бо оби нӯшокӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ ба шумор рафта,  дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба 2 миллиону 134  ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонад.
Айни ҳол самти асосии фаъолияти мо ба иҷрои «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 - 2020» равона гардидааст. Ноил гардидан ба мақсадҳои наҷиби барномаҳои тарҳрезишудаву тасдиқгардида  масъулиятшиносии баланд, кумаку дастгирии ҳамдигар ва иҷрои уҳдадориҳои тарафайнро тақозо дорад. Бо дарки масъулияти том  мо метавонем аз уҳдаи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр шудаанд, бароем ва сокинони ҷумҳуриро бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин намоем.
Бахтиёр САФАРОВ,
сардори МД «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 768

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед