logo

иқтисод

САНҶИШҲОИ БЕАСОС. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Аз санҷишҳои ғайринақшавӣ то такрорӣ
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ соли сипаришуда 187 ҳазору 356 санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронда шудааст, ки аз ин 31 ҳазору 107 санҷиш ғайринақшавӣ ва 20 ҳазору 833 санҷиш такрорианд. Қариб 80 дарсади санҷишҳо ба се мақомот - Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва агентии «Тоҷикстандарт» рост меоянд. Санҷишҳои мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи Ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчунин, Хадамоти гумрук ва Бонки миллӣ дар ин қатор ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва  иҷозатномадиҳанда тафтиш мебаранд ва ба ҳисоби миёна ба ҳар як шахси ҳуқуқӣ 5 санҷиш рост меояд. Мутаассифона, бисёре аз санҷишҳо беасос ва такрорӣ буда, ба соҳибкорон имкон намедиҳанд, ки фаъолияти худро, махсусан дар самти рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дилпурона ба роҳ монанд.

Нигаронӣ ва тасмими Сарвари давлат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз кори баъзе мақомоти санҷишӣ изҳори нигаронӣ карданд. Барои бартараф намудани санҷишҳои беасос ва кам кардани дахолати мақомоти санҷишӣ ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ супориш доданд, ки дар давоми ду сол ба истиснои панҷ сохтори масъул ба санҷишҳо моратория   эълон карда шавад. 

Санҷиши 28 мақоми санҷишӣ
Бо ин мақсад дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини аввали  Сарвазири  мамлакат  ва раиси шӯро Давлаталӣ Саид фаъолияти 28 мақомоти санҷишӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки 13 мақомоти санҷишӣ аз рӯйи нақша бояд 11 ҳазору 223 санҷиш мегузаронданд, вале онҳо риояи нақшаи тасдиқшударо хилофи назар карда, беш аз 60 ҳазор санҷиш гузарондаанд. Аз ҷумла, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт баргузории 324 санҷишро дар нақша дошт, аммо хадамот дар давоми як сол 14 ҳазор санҷиш гузарондааст, ки назар ба нақша 44 маротиба зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба кам кардани рейдҳои беасос чораҳои қатъӣ андешад. Ба агентии «Тоҷикстандарт» низ барои минбаъд мақсаднок гузарондани санҷишҳо чанд пешниҳод ироа гардид.

Санҷишҳо чандон таъсиргузор нестанд
Мутаассифона, санҷишҳо дар бартарафсозии вазъ ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ ҳанӯз таъсири назаррас  намегузоранд. Барои мисол, дар 11 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби агентӣ 72 тонна маҳсулоти пастсифати гӯштӣ ошкор шудааст ва ин нишондиҳанда ба ҷойи кам шудан, баръакс, зиёд гардидааст. Танҳо дар моҳи декабр дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар маҷмӯъ 160 тонна маҳсулоти пастсифат ошкор шуд. Маҳз ба хотири кам кардани чунин омили ба солимии аҳолӣ зиёновар ба як низоми муайян ва натиҷабахш даровардани санҷишҳо зарур мебошад.  

Санҷишҳо бояд ба талабот ҷавобгӯ бошанд
Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ин бора иброз дошт, ки санҷишҳо бояд шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бошанд. Риоя нашудани муҳлати санҷиш, такрори ваколатҳои мақомоти санҷишӣ, риоя нашудани қонунҳои амалкунанда аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ вазъро печидатар месозанд. Сарфи назар аз он ки шумораи санҷишҳо дар муқоиса ба нақшаи соли гузашта зиёд мебошанд, ҳаҷми ҷаримаҳо 24,4 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки ин ҳол номутаносибии байни рақамҳоро нишон медиҳад.               
Сохторҳои масъул барои ҳар чи зудтар бартараф кардани камбудиҳо мақоми ягонаи санҷишӣ ва иттилоотии идоракунӣ таъсис доданианд. Кор дар ин самт ҷараён дорад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 267

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед