logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

«Пойтахт симо ва ойинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад». Чунин таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт роҷеъ ба татбиқи амалии дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар самти бунёдкорӣ дар як соли охири шаҳри Душанбе ба хонандагон маълумоти мухтасар диҳад.  


ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН
Мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳиди марзиву маъмуриест, ки мақоми махсуси давлатӣ дорад. Он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳали нигоҳдории нусхаи асли матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Душанбе дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ин раддабандиро маҷаллаи сайёҳии «34 travel» бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури  амрикоӣ «Mastercard», ки яке аз ширкатҳои бузурги трансмиллии молиявии ИМА маҳсуб меёбад,  таҳия кардааст.

НАВБАТДОРИИ ШАБОНАРӮЗӢ
Бо  мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ ва мусоидат ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон дар мавсими сармо бо қарори раиси шаҳр ҷадвали навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр ва ноҳияҳои он ба тасвиб расид.

ТАНЗИМИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР
Бо мақсади танзим ва сифати баланди хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинони пойтахт 23 марти соли 2017 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 64 адад автобуси мусофиркаши тамғаи «ISUZU» - ро  ба Душанбе ворид  намуд, ки ҳоло ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. То воридшавии автобусҳои боқимонда дар роҳҳои пойтахт микроавтобусҳои наве, ки зиёда аз 16 ҷойи нишаст доранд, мусофир мекашонанд. Танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо кам шуд.

ИСТГОҲҲОИ НАМУНАВӢ
Моҳи августи соли гузашта бо иштироки раиси шаҳр нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид. Он дар мутобиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда,  дар онҳо нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида, ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Айни ҳол  сохтмони 36 адад истгоҳи намунавӣ идома дорад.
Ҳамчунин, ба хотири танзими нақлиёт нимаи аввали соли сипаришуда, терминали нави мусофирбарии «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Ин гуна терминалҳо дар дигар даромадгоҳҳои шаҳр низ ба истифода дода шуданд.
Татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» низ бо ҳамин мақсад роҳандозӣ шудааст.

ТАЪМИНОТ БО ОБИ ТОЗА
Раиси шаҳр истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ» - и КВД «Обу корези Душанбе» - ро расман ифтитоҳ намуда, бо пахши тугмаи идора ба фаъолияти обполакҳои зудамали регӣ оғоз бахшид. Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоии оби тоза ва безараргардонии оби ошомиданӣ дар пойтахт оғоз гардида, иқтидори истеҳсолии он 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз мебошад.

ТАТБИҚИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
28 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Барои амалисозии он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нақшаи дурнамо тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ  менамояд. Ҳоло  сохтмони инфрасохтори бахшҳои гуногун, иншооти варзишӣ, биноҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо мутобиқи нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе бунёд меёбанд. Корҳои навсозӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва «Дӯстии халқҳо» ба анҷом расида, ин мавзеъҳо имрӯз ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

БУНЁДИ БОҒУ ГУЛГАШТҲО
Ба истиқболи Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ  бо иштироки Рустами Эмомалӣ дар пойтахт маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» - калонтарин дар ҷумҳурӣ  аквапарк ё худ парки обӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони  аквапарк  моҳи  феврали соли  2016 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 20000 метри мураббаъ шурӯъ гардида, намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, гулгашти назди истгоҳи вокзали роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ (дар масоҳати қариб 14 ҳазор метри мураббаъ) пурра навсозӣ гардид.
Дар назди биноҳои истиқоматӣ зиёда аз 80 майдончаи варзишию фароғатии замонавӣ   бунёд гардид, ки боиси хушнудии кӯдакону наврасон ва сокинони шаҳранд.  Бунёди зиёда аз 90 майдончаи варзишию фароғатӣ дар соли равон тарҳрезӣ шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғат бахшида ба Соли ҷавонон  МД «Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 13,7 гектар доман паҳн менамояд ва дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, майдончаи варзишӣ ва картодром бунёд мегардад. Дар дохили маҷмааи «Диёри Душанбе»,  воқеъ дар наздикии Кӯли ҷавонон обидаи нави меъморӣ  бо номи  «I  love Dushanbe» («Ман Душанберо дӯст медорам») ифтитоҳ гардид.

ГАРМИИ ПОЙТАХТ ГАРМИИ ДИЛИ СОКИНОН АСТ
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор то саршавии фасли сармо иншооти маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳр ба системаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд. 28 ноябри соли 2017 дар  маҷлиси навбатии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ беш аз 4 миллион киловатт - соат неруи барқ сарфа гардид.

10 ЧОРРОҲАИ СЕСАТҲА ТО СОЛИ 2025
Амалисозии «Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 - 2020» имкон медиҳад, ки  тӯли 3 сол тамоми роҳҳои пойтахт пурра таъмиру таҷдид ва мумфарш гарданд.
Алҳол бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва барқароркунии роҳи Душанбе - сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри  Душанбе» аввалин чорроҳаи сесатҳа бунёд меёбад. Ҳалқароҳи  нав аз 3 қабат  иборат аст. Инчунин, то соли 2025 даҳ адад ва дар доираи амалишавии нақшаи генералии шаҳр 20 чорроҳаи сесатҳа сохта мешавад.

МАРКАЗҲОИ САВДО ВА БОЗОРҲОИ НАВ
Тибқи  талаботи  нақшаи  генералии  шаҳр  алҳол сохтмони беш аз 200 иншоот, ба монанди марказҳои савдою хизматрасонӣ ва бозорҳо идома дорад. «Меҳргон», ки аксари савдогарони собиқ «Бозори Шоҳмансур»  барои идомаи тиҷорат дар он ҷойгир шудаанд, аввалин бозор аст, ки дар пойтахт бо тарҳи муосир сохта шудаасту ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бунёди марказҳои  бузурги  савдо  рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамчунин, меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншооти хизматрасонии  ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ низ сохта мешаванд, ки онҳо барои ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтани Душанбе шароити мусоид фароҳам меоранд.

РОБИТАИ МУСТАҚИМ
Бо роҳандозӣ гардидани  суроғаи электронии раиси шаҳр сокинони пойтахт имкон  пайдо карданд, ки тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки мебинанд ё аз мавҷудияти онҳо огоҳ ҳастанд, тавассути телефони мобилӣ сурат ё ба навор гирифта, ҷиҳати сари вақт бартараф кардани онҳо ба суроғаи DUSHANBE80@YAHOO.COM (раиси шаҳр) ирсол намоянд.

КОҲИШИ ШАБГАРДИИ НОБОЛИҒОН
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғон қарори раиси шаҳр «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расид. Дар қарори мазкур омадааст, ки воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо дар вақти шабона ва ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ карда шавад. Воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда шуд.

АШҚОБОД - БАРОДАРШАҲРИ НАВИ ДУШАНБЕ
Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқободро дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расонданд. Айни замон, Душанбе бо 16 шаҳри давлатҳои ҷаҳон аҳди бародарӣ бастааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 570

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед