logo

иҷтимоиёт

Бунёду навсозии муассисаҳои табобатӣ

Сокинони ноҳияҳои  Дарвозу Ванҷ дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯза дар мисоли рушди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ эҳсос намуда, сипосгузоранд, ки аз фаъолияти пурсамари чунин муассисаҳо дар деҳот дигар сарсону саргардон паси дарёфти шифо шаҳр ба шаҳр намегарданд.
     
 Асоси пешрафти соҳаи  тиб  ба мутахассисони корозмуда  ва ташаббускор вобастагии  қавӣ дорад.  Тибқи иттилои роҳбарони дастгоҳи раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ Диловар Қосимов ва Атобек Субадоров  баъди хатми  Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони соҳа ба  диёри худ баргашта, ҳоло дар ҳифзи саломатии мардум қарор доранд. Аз ҳама муҳимаш, солҳои охир биноҳои нави табобатхонаҳои минтақавии Ҷамоати деҳоти Нулванд дар ноҳияи Дарвоз ва  иморати  беморхонаи минтақавии деҳаи  Мотравн дар Ҷамоати деҳоти Язгулом сохта ба истифода супурда шуданд. Биноҳои  беморхонаҳои ҳар ду ноҳия мавриди навсозӣ ва таъмир қарор гирифта, мувофиқи шароит ва имконият бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гаштаанд.
Ҳамзамон дар деҳаҳои Хостав, Курговад, Ҷорф, Кеврон ва Сағирдашту Қалъаи Ҳусайни ноҳияи Дарвоз ва шаҳраки Рохарв, деҳаҳои  Баравн, Гишхун, Техарв, Гармчашма, Жамаги  ноҳияи Ванҷ ва дигар рустоҳо марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии нав сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Табибони дардошнои мардуми ин ноҳияҳо тасмим гирифтаанд, ки  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амал намуда, ба  сокинони ин минтақаҳои кӯҳистон шабу рӯз содиқона  хизмат расонанд. Онҳо хурсанд аз онанд, ки дар ноҳияҳои номбурда бемориҳои сирояткунанда ва табобаташон душвор рӯз аз рӯз кам шуда, сатҳи саломатии мардум ва хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида истодааст. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 301

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед