иқтисод
"СЕМЕНТИ ТОҶИК". ЭЪТИБОР БАЛАНД АСТ
Шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ рӯз то рӯз ҳусни дигар мегиранд. Дар бунёд ва азнавсозии биноҳо истифодаи самараноки маҳсулоти ватанӣ баръало ба назар мерасад ва ин бурди ҳар истеҳсолгар ва давлату Ҳукумат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушд мебошад.
Тайи чанд соли охир сементи тоҷик тавонист, ки ба рақобат бо маҳсулоти воридотӣ тоб оварда, талаботи бозори дохилиро қонеъ гардонад ва ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.
Ба гуфтаи Фазлиддин Нақшов, муовини директори СК «Сементи тоҷик, корхона давоми соли сипаришуда 224,2 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли пешӣ 1,16 ҳазор тонна зиёд мебошад. Сифати маҳсулот, ки барои дар бозор мавқеъ пайдо кардан аҳамияти аввалиндараҷа дорад, хеле беҳтар шудааст. Ҳоло корхона сементи навъҳои гуногуни хушсифат истеҳсол менамояд, ки дар бозори дохилӣ эътибори баланд пайдо карда, талабот ба он торафт меафзояд. Маҳсулоти соли гузашта истеҳсолнамудаи ҶСК «Сементи тоҷик» 154,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қисми бештари маҳсулот дар бунёд ва азнавсозии неругоҳҳои барқи обӣ ба кор бурда мешавад. Ғайр аз ин, маҳсулот барои сохтмони дигар иншооти муҳим, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ, истифода бурда мешавад. Воқеан, ҶСК «Сементи тоҷик» бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии Душанбешаҳр дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ду майдончаи варзишӣ сохт, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Гарчанде ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли семент ба кор шурӯъ карда, дар рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротию воридотивазкунанда саҳми назаррас дошта бошанд ҳам, ҶСК «Сементи тоҷик» эътибори баланду пешинаашро дар ин миён устувор нигоҳ медорад ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон ҳиссаи арзанда мегузорад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2018 №: 14 Мутолиа карданд: 924